«ТОҶИКИСТОН ВА КАНАДА БА ҲАМ МОНАНДАНД». Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ бо Намояндаи доимии Канада мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 15.01.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14 январ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо Намояндаи доимии Канада дар СММ Марк-Андре Бланшар мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва ҳадафҳои афзалиятнокро, ки аз ҷониби сарони ду давлат муайян шудаанд, мавриди муҳокима қарор доданд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 21 сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот ҳарду ҷониб зарурати тақвияти ҳамгироии байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.
Дар он мулоқот Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки кумакҳои Канадаро дар таҳкими марз бо Афғонистон ва дастгирии ҳамаҷониба ба сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, инчунин ширкати коршиносони канадагиро дар татбиқи лоиҳаҳои дурнамодори минтақа баланд арзёбӣ менамоянд.
Сарони ҳарду давлат ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ табодули фикру мулоҳизаҳои судманд карданд.
Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки ду сол қабл сафири собиқи Канада дар Тоҷикистон (бо иқомат дар Остона) Шон Стейл зимни сафари худ ба Душанбе бо намояндагони расмии Вазорати корҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбатҳо анҷом дод.
Ба гуфтаи ӯ, Канада азм дорад ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузории мустақим намояд. Ш.Стейл дар мусоҳиба бо шореҳи АМИТ «Ховар» Хуршеди Ховар, аз ҷумла, гуфта буд:
«Тоҷикистон дар самти таъмини суботу амният дар Афғонистон ва мӯътадилии иқтисодиёти он шарики муҳими Канада мебошад. Мо чун пештара ҳамкориро бо Тоҷикистон дар ин самт дар доираи лоиҳаҳои гуногун, аз ҷумла лоиҳаҳои Созмони Милали Муттаҳид идома медиҳем. Ҳатто барномаи махсуси кумак ба Афғонистон вуҷуд дорад. Тоҷикистон дар минтақа барои таъмини амният дар кишвари ҳамсоя нақши муҳим мебозад. Канада барои рушди иқтисодиёти минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳад дод, вале ин барномаи дарозмуддат мебошад».
Ӯ зикр кард, ки зимни ҳар як сафараш ба Душанбе имкониятҳои нав барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ пайдо мекунад.
«Пеш аз ин се маротиба дар ин ҷо будам ва ҳар бор дар рушди Тоҷикистон тағйироти мусбат мушоҳида мекунам. Муҳим он аст, ки кишвари шумо аз захираҳои табиӣ ва инсонӣ бой мебошад. Ман инро зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мушоҳида намудам. Ҷавонони тоҷик хеле фаъоланд ва танҳо шукуфоии Ватани худро мехоҳанд», -иброз дошт собиқ сафири Канада дар Тоҷикистон Ш. Стейл.
Ба суоли хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба соҳаҳои рушдёбандаи ҳамкории миёни ду давлат собиқ сафири Канада чунин посух дод:
«Канада ва Тоҷикистон дорои умумиятҳои зиёд мебошанд, ба ҳам монанданд. Масалан, ҳарду кишвар кӯҳӣ ҳастанд ва дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошанд. Канада яке аз кишварҳои сарватмандтарини ҷаҳон аз рӯи захираҳои обӣ буда, Тоҷикистон низ дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад. Вале, мутаассифона, имрӯз танҳо 5 дарсади ин захираҳо ба таври пурра истифода мешаванд. Бояд зикр намоям, ки якчанд ширкатҳои Канада ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика оғоз намуданд. Соҳаи дигари муҳими ҳамкорӣ саноат мебошад. Сармоягузорони Канада кӯшиш мекунанд, ки дар истеҳсоли нафту газ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи худро пайдо намоянд».
Ёдовар мешавем, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори кунунии Канада дар Тоҷикистон (бо иқомат дар Остона) Николас Бруссо мебошад, ки 20 ноябри соли 2017 расман ба иҷрои вазифааш оғоз намуд.









Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд






