«ЗАНҲОРО РАҲГУМ НАСОЗЕД!». Чунин муроҷиат намудааст Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба наҳзатиён

Январь 7, 2019 08:34

ДУШАНБЕ, 07.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.Вақтҳои охир наҳзатиҳо роҳҳои дигари амалҳои душманонаи худро пеша кардаанд. Бо баҳонаҳои гуногун мехоҳанд аз хоҷагони хориҷаашон маблағ ситонанд. Барномае, ки ба ном “Бетараф набош” аз ҷониби наҳзат омода карда шудааст, ҳамагӣ аз 200 нафар иборат мебошад. Яъне ин 200 нафар аз номи 9 миллион нафар мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтан мехоҳанд. Аммо наҳзатиҳои дайду бехабар аз онанд, ки миллати тоҷик ба иғвоҳои онҳо дигар гӯш намедиҳад”, — чунин навиштаанд дар номае аъзоёни Анҷумани тоҷикон дар Туркия дар муроҷиат ба ТТЭ ҲНИ. Дар давоми ин нома чунин  навишта шудааст (айнан меорем):

 «Мо, шаҳрвандони тоҷики муқими Туркия ба наҳзатиҳо муроҷиат карда, таъкид менамоем, ки занҳоро раҳгум насозед. Ҳуқуқи занҳо фақат дар риояи сатр нест. Баръакс, маҳз амалкардҳои шумо занонро аз ҳама ҳуқуқҳо маҳрум мекунанд. Маҳдудкунандаи ҳуқуқи занҳо маҳз шумоед.

Шумо ҳуқуқи занҳоро барои парастории падару модар бо баҳонаи афзалияти сухани шавҳар  гирифтаед. Шумоед, ки занҳоро бидуни маҳрам аз хона берун рафтан намемонед. Ҳатто рафтани ҳаҷ барои онҳо бидуни маҳрам мамнуъ аст. Дар ин сурат табиист, ки барои зан бидуни маҳрам ба кор рафтан ҳам имконнопазир мегардад.

Дар сурате, ки ҳар кадоми шумо барои гирифтани чор зан даъво менамоед, дар бораи кадом ҳуқуқи зан  суҳбат мекунед? Ҳуқуқи зани бечораро шумо худ муайян мекунед. Ӯ ғуломи ҳалқабаргӯши шумост ва аз хати кашидаи шумо бояд берун наравад. Ва боз даҳҳо ва садҳо маҳдудиятҳои дигар.

Ҳама ҳуқуқҳое, ки шумо барои занон пешниҳод мекунед, маҳдудкунандаи фаъолияти озоди онҳо мебошанд».

Январь 7, 2019 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд