АҲСАНТ! Хонандаи Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» Далер Пиров ба даври ниҳоии Олимпиадаи нанотехнологҳо роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 14.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ хонандагони тоҷик ба даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба технологияи муосир (нанотехнология), ки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, роҳхат гирифтанд.
Тавре аз Литсей-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, даври ғоибонаи Олимпиада аз 1 ноябри соли 2018 то 31 январи соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи М.В. Ломоносов баргузор гардид. Дар он зиёда аз 8 ҳазор толибилм аз 28 кишвари дунё дар марҳилаҳои гуногун ширкат намуданд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати гурӯҳ хонандаи синфи 10-и ин мактаб Далер Пиров дар озмун мақоми аввалро касб намуда, хонандагони синфҳои 8 ва 11 Яҳё Шамсиев, Темур Саломатшоев, Фараҳманд Ҳасанов, Муҳаммадҷон Камолиддинзода, Саидансор Саидаҳтамов, Мурод Абдураҳим, Иброҳим Саидов ва Каёнуш Рустамзода натиҷаҳои хуб ба даст оварданд.
Тибқи талаботи озмун, дар олимпиада 5-6 нафаре, ки холҳои аз ҳама бештарро аз рӯи фанҳои математика, физика, химия ва биология бо назардошти самти нанотехнологӣ соҳиб шуданд, ғолиб дониста мешаванд.
Хонандагони тоҷик бо ғолибият дар бахши ғоибонаи озмун ба даври ниҳоии он, ки дар Россия баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.








Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд






