Ҳайати «Амонатбонк» дар Форуми байнибонкӣ дар Чин иштирок намуд

Февраль 25, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 25.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳайати расмии Бонки давлатии амонатгузории /БДА/  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти роҳбарии раиси  Раёсати БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» Сироҷиддин  Икромӣ дар  Форуми байнибонкии «Таҳкими ҳамкории молиявии минтақавӣ ва рушди устувори фарогир», ки аз 21 то 24  феврали соли равон  дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии  Чин  доир гардид, иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре аз «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Форуми мазкур таҳти раисии котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ Владимир Норов доир гардида, дар он  масъалаҳои рушди ҳамкории бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ баррасӣ шуданд.

Тибқи иттилои сарчашма, дар Форум роҳбарон, намояндагон ва коршиносони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ доир ба васеъ намудани доираи фаъолияти густариши ҳамкории молиявию иқтисодӣ байни бонкҳои кишварҳои аъзои СҲШ маърӯза карданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар доираи Форуми байнибонкии «Таҳкими ҳамкории молиявии минтақавӣ ва рушди устувори фарогир» раиси БДА «Амонатбонк» Сироҷидин Икромӣ бо роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ, бонкҳои шарик  мулоқоти дуҷониба ва бисёрҷониба доир намуд. Зимни ин вохӯриҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

Февраль 25, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»