Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон мушаххас шуд

Февраль 1, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 01.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон барои машғулиятҳои машқию таълимӣ, ки аз 1 то 15 феврал дар Туркия мегузаранд, ҳайати дастаро мушаххас кард. Дар ин бора сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии мамлакат Усмон Тошев бо ин мақсад  20 нафар бозингар, аз ҷумла 3 дарвозабон, 7 муҳофизатгар, 8 нимҳимоятгар ва 2 ҳамалагарро  интихоб кард.

Дар  ҷамъомад футболбозони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов, Табрези Давлатмир, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев, инчунин муҳофизатгари дастаи «Металлург»-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев, ки дар ҳайати дастаҳояшон дар ҷамъомадҳои таълимию тамринӣ қарор доранд, даъват нашудаанд.

Дар доираи ҷамъомад дар Туркия дастаи олимпии мамлаат 6, 11 ва 13-уми феврал  се бозии санҷишӣ мегузаронад.  Аллакай яке аз ин дастаҳо муайян шудааст ва он дастаи мунтахаби Камерун мебошад, ки дар бозии дуюм ширкат меварзад. Дастаҳои дигар имрӯзҳо мушаххас хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқию таълимӣ дар Анталияи Туркия яке аз давраҳои омодагӣ ба бозиҳои  интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки аз 22 то 26  марти соли равон дар Тошканд мегузарад, ба ҳисоб меравад. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  дар гурӯҳи «F» бо  дастаҳои мунтахаби олимпии Ҳиндустон (22 март), Покистон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) қувва месанҷад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷамъомади машқию таълимӣ дар Туркия:

Дарвозабонҳо: Фатҳулло Бобоев («Хатлон»), Шоҳрух Қирғизбоев («Барқчӣ»), Фируз Назаров (Академияи футболи ФФТ);

Муҳофизатгарон: Алишер Холмуродов («Пандҷшер»), Алишер Баротов («Хатлон»), Доробҷон Эргашев (КМВА «Помир»), Ҳусейн Нурматов, Ваҳдат Ҳанонов, Оятулло Сафаров, Манучеҳр Сафаров (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ниҳимоятгарон: Алишер Мирзоев («Сперанса», Молдова), Кароматулло Саидов («Хатлон»), Сорбон Авғонов («Пандҷшер»), Отабек Каримов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов, Далер Ёдгоров, Шервони Мабатшоев, Саидмухтор Азимов (ҳама аз «Барқчӣ»);

Ҳамлагарон: Амирҷон Сафаров («Регар-ТадАЗ»), Тоҳир Малодустов («Барқчӣ»).

Февраль 1, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд