Дар Душанбе даври шаҳрии Фестивали фарҳангӣ — фароғатии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид

Февраль 19, 2019 15:50

ДУШАНБЕ, 19.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори Филармонияи  давлатии  Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даври шаҳрии Фестивали  фарҳангӣ — фароғатии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинон иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки то оғози барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал аз намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон ва косибони чаҳор ноҳияи пойтахт дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ навъҳои гуногуни ороишоти миллии занона марбут ба ҳусну таровати мӯй, пардоз ва ороиши рӯй, намоиши  ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили шонатарошию оинасозӣ, сурмапазиву қаламсозӣ, маҳлулу равғанҳои табиӣ, хокаҳои сафедкунандаю хушбӯйкунанда, ҷамолакбофӣ, тарроҳиву рассомӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иштирокдорони ҷамъомадро аз номи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ табрик намуда, иброз дошт: «Фестивал бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик, бахусус намоишу парвариши мӯй, ороишу пардози рӯй, ҳаракати мавзун, тарбияи муоширати духтарон, тарғибу ташвиқ ва эҳёи анъанаву маросимҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ ва ҷамолакбандию кокулбофӣ доир гардид».

Зикр гардид, ки Фестивали  фарҳангӣ-фароғатии «Чакомаи гесӯ» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

«Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон, расму русум ва арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд», — илова намуд Мавсума Муинӣ.

Мавриди зикр аст, ки духтарону бонувони Душнбешаҳр бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ чор фасли соли табиати Тоҷикистонро бо сару либос, ороишоти миллии занона ва ҳунари волои рақсу суруди тоҷикӣ манзури тамошобинон гардониданд.

Дар фарҷоми фестивал ҳунари беҳтарин иштирокчиён натиҷагирӣ карда шуда, ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Февраль 19, 2019 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд