Дар шаҳри Хуҷанд Фестивал – озмуни «Суруди сарбоз» баргузор гардид
ХУҶАНД, 23.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 26-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивал–озмуни «Суруди сарбоз» баргузор гардид.
Дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, шуъбаи фарҳанги вилоят, собиқадорони Артиш, афсарон ва сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди вилоят иштирок намуданд.
Тавре масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, фестивал бо ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар он дастаҳои қисмҳои низомӣ аз рӯйи номинатсияҳои хорсароён ва композитсияи адабӣ сурудҳои ватандӯстона манзур карданд.
Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни фестивал афсарону сарбозонро бо Рӯзи Артиши миллӣ табрик намуда, иброз доштанд, ки Артиши миллӣ дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзҳои аввали таъсис чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи ваҳдату якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт. Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Дар интиҳои озмун ва натиҷаи баҳогузории ҳакамон ҷойи аввалро афсарону сарбозони қисми низомии 3501, ҷойи дуюмро қисми низомии 01972 ва мақоми сеюмро қисми низомии 0235 ба даст оварданд. Ғолибон ва иштирокчиени фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин дар ин рӯз бо ибтикори мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар маркази вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо ҳузури аскарону афсарони қисми низомӣ ва намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни он барои ҳайати қисми низомӣ дастархони идона густурда шуда, барномаи фарҳангӣ низ пешниҳод гардид.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






