Дар шаҳри Ҳисор Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» доир гардид

Февраль 18, 2019 14:30

ДУШАНБЕ, 18.02.2019/АМИТ «Ховар»/.  Дар  Осорхонаи шаҳри Ҳисор даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид. Дар он намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва коллеҷу муассисаҳои томактабӣ ширкат варзиданд.

Тарғибу ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ашъори бузургони адабиёти классику муосир, суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ бахшида ба ҳусну тароват, ҷозибаи гесӯ, либосҳо ва ороишоти миллӣ ҳадафи асосии озмуни мазкур маҳсуб меёфт.

Довталабон тавонистанд бо истеъдоди хуби фитрӣ ва маҳорати ҳунармандӣ дар фестивал-озмун  фаъолона ширкат варзанд. Иҷрои ин амал тавонист дар шинохти мақому манзалати ҳунари машшотагӣ, либосҳои тоҷикӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли намудҳои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили атласу адрас, шоҳӣ, чакану алоча, гулбасту чит, тоқӣ ва ғайра мусоидат намояд. Дар озмун ҳунари волои машшотаҳо дар ороиш ва мӯйбофии миллӣ тавассути намоиши расму оинҳои неки аҷдодӣ, аз қабили саршӯёну арӯсбаророн, мӯйбофону зулфандозӣ, ҷамолакбандию майдабофӣ ба қазовати ҳайати ҳакамон ва ҳозирин вогузор карда шуд.

Зимни баҳогузорӣ ба тарҳи дӯхти либоси иштирокдорон  ҳамчунин ба санъати истифода аз маводи зиннатдиҳанда, аз қабили марҷон, дастпона, сарпӯш, гӯшвора ва ғайраҳо таваҷҷуҳи хосса дода шуд. Иштирокдорони озмун  ҳамзамон ҷиҳати ба баромади худ таровати бештар бахшидан аз ҳунари сарояндагиву раққосӣ ва бадеҳахонӣ истифода намуданд.

Иштирокдорони фестивал—озмуни «Чакомаи гесӯ», ки аксаран духтарону бонувони дорои мўйҳои дароз ва зебою ороёфта буданд, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ саъй намуданд, ки табиати биҳиштосои Тоҷикистон, либосу ороишоти миллии занона ва фарҳанги волои рақсу суруди тоҷикиро манзури бинандагон намоянд.

Дар ҷамъбаст ғолибони озмун ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии раиси шаҳри Ҳисор сарфароз гардонида шуданд.

Февраль 18, 2019 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд