ДАР ТОҶИКИСТОН «ДЕҲАИ ҲУНАРМАНДОН» ДАРИ ХУДРО БА РӮИ САЙЁҲОН БОЗ ХОҲАД КАРД. Дар ин бора имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ зимни нишасти матбуотӣ хабар дод

Февраль 8, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 08.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон  «Деҳаи ҳунармандон»  бунёд  карда мешавад. Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нӯъмон Абдуғаффорзода 8 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки алҳол лоиҳа барои  ташкили  «Деҳаи ҳунармандон»  дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандони ва дизайнерони Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор дорад.

Тасмими таъсиси «Деҳаи ҳунармандон» дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки солҳои 2019-2021 бо ташаббуси Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд.

Мусаллам аст, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бои сайёҳию фарҳангӣ буда, тоҷикон аз азал мардумони ҳунарманду  фарҳангпарваранд.  Хусусан маҳсули ҳунари асили бонувони чирадасти тоҷик қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Аз ҷониби   Дафтари илму  фарҳанги  Созмони Милали Муттаҳид /ЮНЕСКО/ дар шаҳри  Порт –Луиси Маврикий ба  рӯйхати  мероси фарҳангии ғайримоддии  башарият шомил гардидани як навъи гулдӯзии тоҷикон «чакан» шаҳодати ин гуфтаҳост.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» менависад, ба мақсад мувофиқ мебуд, агар дар доираи   тадбирҳои бахшида ба  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  (солҳои 2019-2021)    ҷиҳати  рушди сайёҳӣ ва муаррифии ҳарчӣ бештари захираю имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар минтақаҳои кӯҳистони кишвар, хусусан Бадахшон, Суғду Хатлон «деҳаҳои сайёҳӣ» таъсис дода мешуданд. Зеро сайёҳони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, бештар ба минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон,  урфу анъанаи  сокинони  кӯҳистон, хусусан рӯзгори онҳо, ки беолоишу афсонавӣ тобида, дар оғӯши кӯҳҳои осмонбус мегузарад,   таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Февраль 8, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд