ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ боғҳои бисёрсола барқарор карда мешаванд
ДУШАНБЕ 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷиҳати барқарор намудани боғҳои бисёрсола тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Дар Стансияи таҷрибавии зироати гармидӯсти ноҳия вобаста ба барқарор намудани боғот дар майдони 6 га боғҳои нав бунёд гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар боғҳо дарахтони бодому шафтолу, зардолу, анҷир, анор, хурмо ва зиёда аз 5 ҳазор бех дарахтони ороишии сӯзанбарг сабзонида хоҳанд шуд. Майдони умумии боғи стансияи таҷрибавӣ 18 гектарро ташкил дода, дар ин мавзеъ ҳамзамон гармхонаҳои лимӯ ва сабзавотпарварӣ бунёд шуданд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки кормандони боғ дар ин мавзеъ дарахтонеро парвариш менамоянд, ки дар минтакаҳои нисбатан иқлимашон гарм сабзиши хуб доранд. Дар назар дошта шудааст, ки имсол дар ноҳия тибқи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ» дар майдони 14 га боғу токзор барқарор карда шаванд.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






