ДАРАХТ БИНШОН! Дар шаҳри Бохтар корҳои ободониву ниҳолшинонӣ вусъат меёбанд

Февраль 8, 2019 08:44

ДУШАНБЕ, 08.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар корҳои созандагиву ободонӣ ва   сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву маҳаллаҳо бомаром идома доранд, менависад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, дар Ургутмаҳаллаи шаҳр беш аз 500 бех ниҳоли мевадиҳандаву ҳамешасабз ва 400 бех гулу гулбуттаҳо, ки ба иқлими ин ҷо мутобиқанд, шинонида шудаанд. Ҳамчунин дар ин маҳалла корҳои тозакунии соҳилҳо ба масофаи 500 метр анҷом дода шуда, дар он ҷо 20 дарахти арча ва 50 дарахти сояафкан шинонида шуданд.

Дар робита ба ин раиси кумитаи Ургутмаҳаллаи шаҳри Бохтар Умедҷон Раҷабов гуфт: «Дар ин меҳнати дастаҷамъона беш аз 100 нафар сокинони Ургутмаҳалла, маҳаллаҳои Ваҳдат -1, Ваҳдат-2, Бобоҷон Ғафуров ва Ҷалолиддини Румӣ-1 иштирок намуда, саҳми худро дар ободонии шаҳр гузоштанд».

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин санаи муҳими таърихӣ дар Ургутмаҳалла корҳои сохтмонӣ идома доша, айни ҳол бунёди 5 иншоот, аз ҷумла мағоза, коргоҳи дӯзандагӣ, ҳавзи шиноварӣ, сартарошхона ва ошхона ҷараён дорад.

Февраль 8, 2019 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд