Эмин Сангинзода: «Соли 2018 дар ҷумҳурӣ 284 коргоҳи хонагии ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид»
ДУШАНБЕ, 07.02.2019./АМИТ«Ховар»/. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 дар муассисаҳои таълимии вазорат ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ афзалият дода шуда, дар ин давра қариб 19 ҳазор занону духтарони хонашин аз рӯи 28 намуд ҳунарҳои мардумӣ омӯхтанд. Дар ин муддат дар ҷумҳурӣ 1 ҳазору 54 маркази ҳунармандӣ таъсис дода шуд, ки дар онҳо шаҳрвандони бекор ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва истеҳсоли маҳсулоти он машғул мебошанд. Ҳамчунин дар баробари ин дар ҷумҳурӣ 284 коргоҳи хонагии ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуданд, ки он барои бо ҷойи кор таъмин гардидани шаҳрвандон мусоидат намуд. Дар ин бора муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода имрӯз зимни нишасти матбуотии мақомоти мазкур иттилоъ дод.
Зимни нишасти матбуотӣ хабарнигори АМИТ «Ховар» доир ба теъдоди таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соли 2018 дар ҷумҳурӣ суол дод. Дар посух ба суоли мазкур Э.Сангинзода иброз дошт, ки «таъсиси бештари ҷойҳои корӣ омили асосии баланд гардидани сатҳи шуғлнокӣ дар мамлакат буда, тибқи маълумоти фаврии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 165 ҳазору 924 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 47,2 фоиз ҷойи кори доимӣ, 23,8 фоиз ҷойи кори муваққатӣ ва 25,8 фоиз ҷойи кории мавсимӣ мебошанд».
Номбурда ҳамчунин иттилоъ дод, ки соли сипаришуда тавассути мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3961 нафар шаҳрванди бекор ба андозаи 12 млн. 242,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуданд.
Зимни посух ба дигар суолҳои хабарнигорон Эмин Сангинзода зикр намуд, ки соли 2018 Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 35 ҳазору 200 муроҷиату дархостҳои муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ намуда, бо дахолати ин ниҳод дар ин давра 32 млн. 372 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони кишварамон аз тарафи корфармоён баргардонида шуданд. Бо мусоидати ҳуқуқшиносони Намояндагии мазкур 30 қарори судҳои ноҳиявӣ нисбат ба шаҳрвандони мо бо қарорҳои судҳои болоии Федератсияи Россия бекор карда шуданд. Инчунин дар ин давра бо мусоидати Намояндагӣ зиёда аз 12 ҳазору 735 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ҷойи кори доимӣ дар қаламрави Федератсияи Россия таъмин гардиданд.
Зимни нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки ислоҳоти соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ идома дошта, шурӯъ аз соли 2014 муҳлати таҳсили хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз 3 ба 2 расонида шуд. Ин омил сабаби таваҷҷуҳи ҷавонон, бахусус духтарон барои таҳсил дар ин муассисаҳо мегардад.
Инчунин бо мақсади шаҳодатномакунонии малакаҳои касбии шаҳрвандон дар заминаи ин муассисаҳо расмиёти эътирофи салоҳияти касбӣ ва валидатсия ба роҳ монда шуд, ки ин омил барои соҳибихтисос намудани муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат менамояд.








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад






