Фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар ба зиёда аз ду миллион нафар мусофирон хизмат расонидаанд

Февраль 11, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2019/АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Комиссияи   олии тахассусии Агентии авиатсияи гражданӣ  соли сипаришуда ба 450 нафар мутахассиси соҳаи авиатсияи кишвар  шаҳодатномаҳои  тахассусӣ  дода шуда,  инчунин дараҷаи тахассусии  29 нафар  мутахассисони соҳа  баланд бардошта шуд. Ин матлабро зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти  Агентии авиатсияи гражданӣ ва сохторҳои авиатсионии кишвар 11 феврал дар Душанбе директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба хабарнигорон иброз дошт.

Мавсуф афзуд, ки бо мақсади таъмини бехатарии  парвозҳо, бехатарии авиатсионӣ ва риояи санадҳои   меъёрию ҳуқуқии  соҳа аз ҷониби Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои  авиатсионии кишвар  соли гузашта  36 маротиба комиссия ташкил дода шуда, дар асоси хулосаҳои он  беш аз 150  шаҳодатномаҳои мутобиқати хадамотҳои марбутаи  корхонаҳои авиатсионӣ дода шуданд.

Зикр шуд, ки алҳол ба мусофироне, ки тавассути роҳҳои ҳавоӣ  аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанд, чор фурудгоҳи байналмилалӣ –фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва  Бохтар хизмат мерасонанд.  Танҳо соли сипаригардида  фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ба зиёда аз ду миллион нафар мусофир  хизмат расониданд, ки аз ин омор наздик ба 70 фоизи хизматрасониҳо ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рост меояд.

Февраль 11, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад