Хуршед Каримзода: «Соли гузашта 4280 ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ ошкор гардиданд»

Февраль 14, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 14.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соле, ки сипарӣ гардид, бо 110 кишвари ҷаҳон табодули мол намуд. Сардори  Хадамоти  гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Каримзода 14 феврал дар Душанбе  зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи мақомоти гумруки мамлакат ба хабарнигорон гуфт, ки «соли 2018 гардиши тиҷорати хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷмӯъ беш аз  4,2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 470 миллион  доллар зиёд аст».

Аз маблағи умумии  гардиши тиҷорати хориҷӣ беш аз 3,1 миллиард доллар ба воридот ва зиёда аз 1 миллиард доллар ба содирот  рост меояд. Воридот соли гузашта нисбат ба соли 2017  380,5 миллион доллар ва содирот 90,1 миллион доллар афзоиш ёфтааст. Сохтори воридотию содиротии мамлакатро дар ин давра бештар молу маҳсулоти ниёзи аҳолӣ ташкил медиҳад.

Ҳамзамон бо дахли қонуншиканиҳои гумрукӣ  Хуршед Каримзода афзуд, ки  соли гузашта аз ҷониби  кормандони воҳидҳои  мубориза бар зидди  ҳуқуқваронкуниҳои гумрукӣ  4280  ҳолати қонуншиканиҳои гумрукӣ  ошкор гардиданд. Аз ин шумора 72- тоаш ҷиноят мебошанд.

Февраль 14, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид