Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 22-юмин Саммити иқтисодии кишварҳои Авруосиё дар шаҳри Истанбул
ДУШАНБЕ, 08.02.2019 /АМИТ “Ховар”/. Рӯзҳои 6-7 феврали соли 2019 бо ташаббуси Бунёди тадқиқоти стратегӣ ва иҷтимоии “Мармара” 22-юмин Саммити иқтисодии кишварҳои АвруОсиё дар шаҳри Истанбул баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбули Туркия иттилоъ доданд.
Дар кори саммит роҳбарони баъзе аз давлатҳои хориҷӣ, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, Муовини Президенти Туркия, аъзои ҳукумати кишвари иқомат, вакилони мардумӣ, инчунин доираи соҳибкорон, сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои бузург аз кишварҳои Аврупо ва Осиё иштирок доштанд.
Саммит аз мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои иқтисод, сармоягузорӣ, обу энергетика, илмӣ ва фановарӣ иборат буд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саммит муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода муаррифӣ намуд.
Зимни суханронӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон оид ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030, имкониятҳои сармоягузорӣ дар иқтисодиёти кишвар, лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, аз ҷумла оғози фаъолияти агрегати аввали Неругоҳи барқи обии “Роғун”, “CASA-1000”, минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар ва эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ маълумот дод.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






