Иттифоқи «Тоҷикматлубот»: зиёд шудани дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба паст шудани нарх мусоидат менамояд

Февраль 5, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 05.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Соли  2018 ба воситаҳои ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  барои сокинони шаҳри Душанбе 749 тонна маҳсулот бо нархҳои аз  бозор нисбатан арзон ба фурӯш бароварда шуд. Барои  таъминоти аҳолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2018  дар ҳаҷми умумии 1026 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира гардид. Дар ин бора имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Сангаков ба хабарнигорон иттилоъ  дод.

Ба саволи хабарнигорон дар мавриди гуногунии нархҳо дар ярмарка- фурӯши  маҳсулоти кишоварзӣ номбурда зикр намуд, ки нархҳо зери назорати доимӣ қарор доранд.

«Паст намудани нархҳо вазифаи асосии мо буда, дар ин самт ҳолати бозори яклухт, нарх ва маҳсулот мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар ярмаркаҳои озуқаворӣ нархҳо нисбат ба бозорҳо ҳамеша поёнтаранд»,- илова намуд муовини раиси«Тоҷикматлубот».

Ба гуфтаи мавсуф, дар ҳолати аз ҷониби сокинон пайдо шудани эътироз онҳо метавонанд ба «Тоҷикматлубот» муроҷиат кунанд. Дар ин ҳолат тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Айни замон ҷамъияти «Тоҷикматлубот» бо истифода аз  мошинҳои сайёр ярмаркаҳо ташкил намуда, ба сокинони пойтахт маҳсулоти кишоварзӣ пешниҳод менамояд.

«Бо мақсади таъмини сокинон бо маҳсулоти кишоварзӣ мо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Душанбе бо  пешниҳод муроҷиат намудем, ки дар ҳудуди пойтахт нуқтаҳои фурӯши сабзавот ташкил намоем. Ин масъала дар  ҳоли баррасӣ қарор дорад. Агар ин масъала мусбат ҳал гардад, дар ин ҳолат мушкилоти зиёди мавҷуда ҳалли худро меёбанд. Зеро дар сурати зиёд шудани дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ нархҳо арзон  шуда, аҳолӣ сари вақт бо маҳсулоти хушсифат таъмин карда мешавад», — зикр намуд номбурда.

Февраль 5, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид