КИТОБҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА КИТОБХОНАИ БРИТАНИЯ КАБИР ТАҚДИМ ГАРДИДАНД. Дар шаҳри Лондон масъалаи ҳамкории ин китобхонаи машҳури дунё бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон баррасӣ гардид

Февраль 9, 2019 10:38

ДУШАНБЕ, 09.02.2019./АМИТ «Ховар»/. 4 феврал мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масъуд Халифазода бо Роҳбари Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ  Колин Бейкер ва  Роҳбари Департаменти Осиё ва Африқои Китобхонаи Британия  Луиса Элена Менгони  баргузор гардид.

Зимни мулоқот имконияти ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи Британия, баргузор намудани намоишгоҳҳо, ташкили сафарҳои мутақобилаи намояндагони   ниҳодҳои марбутаи ҳарду кишвар, ҷалби бурсияҳои таҳсилии он сохтор барои Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои ҷолиби ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Сафорат китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хазинаи Китобхонаи Британия тақдим гардиданд.

Китобхонаи Британия китобхонаи миллии Шоҳигарии Муттаҳида ва бузургтарин китобхона дар тамоми дунё шинохта шуда, аз 200 миллион нусхаи китоб ва дигар асноди иттилоотии мамолики мухталифи дунё иборат мебошад. Китобхонаи Британия ниҳоди асосии тадқиқотӣ ба ҳисоб рафта, дар хазинаи он маводҳо  бо чандин забонҳо ва шаклҳои гуногун, ҳам чопшуда ва ҳам рақамӣ,   маҳфуз дошта мешаванд.

Худи ҳамон рӯз  вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон    дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода бо Тамара Гудвин – муовини роҳбари Сарраёти хадамоти авиатсионӣ ва Саманта Шеридан – роҳбари бахши ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати нақлиёти Британияи Кабир доир гардид.

Зимни вохӯрӣ мавзӯҳо вобаста ба имзо намудани Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муттаҳидаи Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самти авиатсияи гражданӣ,  баррасӣ гардиданд.

Февраль 9, 2019 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна