Миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафар ба шаҳри Москва 12 феврал дар Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва вохӯрии директори кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳамедҷонов бо муовини директори ин Ассотсиатсия Александр Разинов баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ доир ба густариши муносибатҳои тиҷоратии дуҷониба, воридоти технологияи нав ба вилояти Суғд, ба роҳ мондани содироти асал, хушкмеваҳо ва дигар молу маҳсулот ба шаҳри Москва гуфтушунид доир гардид.
Дар интиҳои мулоқот бо мақсади пешбурди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва баргузор намудани барномаҳои мухталиф миёни соҳибкорони ду минтақа Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва Ассотсиатсияи соҳибкорони Москва ба имзо расид.








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






