Миёни Тоҷикистон ва Қатар роҳи ҳавоӣ боз хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар роҳи ҳавоӣ боз гардида, парвозҳои мустақим аз Душанбе ба самти Доҳа ба роҳ монда шаванд.
Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти сохторҳои авиатсионии кишвар дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки аввали моҳи феврал намояндагони мақомоти авиатсияи Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Онҳо бо ҳамтоёни тоҷики худ лоиҳаи Созишнома оид ба пайваст намудани пойтахтҳои ҳар ду давлатро тавассути масири ҳавоӣ омода ва баррасӣ намуданд.
Икром Субҳонзода гуфт, ки алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 23 кишвари ҷаҳон созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба алоқаи ҳавоиро ба имзо расонидааст, ки онҳо парвозҳои мустақими ҳавоиро ба танзим медароранд. Ин раванд ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ва Қатар дар Душанбе дар мавриди таҳияи лоиҳаи Созишнома дар самти пайваст намудани пойтахтҳои ҳар ду кишвар тавассути масири ҳавоӣ дар ҳолест, ки Қатар-яке аз кишварҳои арабӣ ба унвони сармоягузор дар иқтисодиёти Тоҷикистон шинохта шудааст.
Бунёди шаҳраки муосири «Диёри Душанбе» аз сӯи ширкати «Qatari Diar» ва сохтмони масҷиди бузург дар шаҳри Душанбе, ки дар Осиёи Марказӣ назир надорад, аз бузургтарин тарҳҳои анҷомдодаи Қатар дар Тоҷикистон арзёбӣ мегарданд.
Ҳамзамон чанде пеш дар шаҳри Доҳа Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд. Санади мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии Тоҷикистон ва Қатар эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон аз Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони Давлати Қатар ба роҳ монда мешавад.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






