Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ созишнома ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 04.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. 3 феврали соли 2019 Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар асоси даъвати Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Давлати Қатар Юсуф бин Муҳаммад ал—Усмон Фахру ба Давлати Қатар сафар намуд.
Дар доираи сафари мазкур Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар ба имзо расонида шуд.
Тавре аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар аз ҷараёни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар, ки 5-7 феврали соли 2017 бо даъвати Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида буд, маншаъ мегиранд.
Бояд гуфт, ки Созишномаи мазкур баъд аз гузаронидани расмиёти дохили давлатии тарафҳо эътибор пайдо намуда, ҷалби коргарон тавассути Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ихтисосҳои мавриди ниёзи кордиҳандагони аморотӣ ба роҳ монда мешавад.
Зимни сафари мазкур Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоӣ Юсуф бин Муҳаммад ал-Усмон Фахру, мудири кулли Кумитаи танзими корҳои хайриявӣ Иброҳим ал-Дуҳейлӣ ва муовини Вазири рушди идорӣ, шуғл ва умури иҷтимоии Давлати Қатар мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи дуҷонибаро дар самти муносибатҳои меҳнатӣ, шуғли аҳолӣ, таҳсилоти касбӣ ва таълими калонсолон мавриди баррасӣ қарор доданд.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






