Н.Ҳикматуллозода: «Соли 2018 ҳаҷми номиналии ММД-и мамлакат то 68,8 млрд. сомонӣ афзоиш ёфт»

Февраль 15, 2019 11:47

ДУШАНБЕ 15.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2018 ҳаҷми номиналии маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД)  кишвар  то 68,8 млрд. сомонӣ афзоиш ёфта, рушди иқтисодӣ 107,3  фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта 0,2 банди фоиз зиёд мебошад. Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода баён гардид.   

Н.Ҳикматуллозода инчунин иброз намуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ соли 2018  зиёда  аз 23872,4 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 11,8 фоиз афзудааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  соли сипаригардида зиёда аз 26370,3  млн. сомониро ташкил дод, ки суръати рушди он нисбат ба соли 2017  4,0 фоиз афзоиш ёфтааст.

Вазир зикр намуд, ки дар сохтмони асосии ҷумҳурӣ ҳаҷми сармоягузорӣ аз ҳисоби  ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ соли 2018-ум  13051,4 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2017  7,8 фоиз афзоиш ёфтааст.  Сарчашмаи дигаре, ки дар сохтмони иншооти иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ муҳим арзёбӣ мегардад, ин сармояи хориҷӣ мебошад. Аз ин ҳисоб соли 2018 дар маҷмӯъ 4202,3 млн. сомонӣ маблағгузорӣ гардид.

Февраль 15, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид