НИШАСТИ МАТБУОТӢ: соли сипаригардида вобаста ба замин 278 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардид

Февраль 12, 2019 11:53

ДУШАНБЕ, 12.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 278 ҷинояти коррупсионии вобаста ба замин ошкор ва ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора директори Агентии мазкур Сулаймон Султонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи мавсуф, ҷиноятҳои коррупсионии марбут ба хариду фурӯши ғайриқонунии замин бештар дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Ҳисор, Кӯлоб, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Рӯдакӣ ва Ҷайҳун ошкор карда шуданд.

«Субъектони ҷинояти мазкур асосан раисон ва заминсозони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, муовинони раис, кормандони кумитаҳои замини шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандон мебошанд», — илова намуд Сулаймон Султонзода.

Зимнан, тибқи моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.

Татбиқгардии ин моддаи Конститутсияи Ҷумҳуқрии Тоҷикистон ба ҳамагон равшан буда, бо ин мақсад дар мамлакат корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат баён доштанд: «Дар 27 соли соҳибистиқлолӣ 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар кишвар 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ 52 ҳазор гектар зиёд шудааст.

Яъне ба як миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ замин тақсим карда дода шудааст ва ба ҳисоби миёна беш аз 7 миллион нафар сокинони кишвар шароити манзилиашонро беҳтар кардаанд».

Бояд гуфт, ки мубориза бо коррупсия аз маҷмӯи тадбирҳои гуногуни ҷиноятию ҳуқуқӣ ва пешгирикунанда иборат буда, нишонаи иродаи қавии сиёсии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таъмини қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва адолат дар ҷомеа, амнияти иқтисодии давлат ва рушди кишвар маҳсуб мешавад.

Ин аст, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти аср дар мамлакат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 амал мекунанд.

 

Февраль 12, 2019 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид
Ҳайати Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар ҷаласа доир ба татбиқи методологияи «Таҳқиқоти вақти иҷозати мол» иштирок намуд
Ҷаласаи миллӣ оид ба таҳияи дастурамалҳои рушди устувори гидроэнергетикаи хурд баргузор шуд
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар муқовимат ба коррупсия густариш меёбад
Дар шаҳри Остона масоили омодагӣ ба Саммити минтақавии экологӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллиарду 295,6 миллион доллар молу маҳсулот ворид карда шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид