Нусратулло Давлатзода: «Соли 2019 назорати андозҳо беҳтар гардида, 11 модули нави электронӣ ба роҳ монда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 14.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 100,6% таъмин гардида, ба буҷет 10 млрд 523,3 млн. сомонӣ ворид карда шуд. Ин нисбат ба нишондиҳандаҳои нақшавӣ 62,6 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Матлаби мазкурро Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод баён дошт.
Зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва андозсупорандагон якчанд модулҳои нави электронии хизматрасонӣ ва маъмурикунонии андоз омода гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.
Инчунин бо мақсади ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў намудани барномаҳои Системаи иттилоотии андоз ва ба роҳ мондани намудҳои нави хизматрасонӣ боз 11 модули алоҳида, аз ҷумла, «Равзанаи ягона», «Бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ», «Бақайдгирии шахсони воқеӣ», «Бақайдгирии мошинҳои назорати хазинавӣ», «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул», «Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт» ва ғайраҳо омода карда шудаанд. Ин намуди хизматрасониҳо моҳи марти соли 2019 ба роҳ монда шуда, имконият медиҳанд, ки ташкили кор ва назорати андозҳо беҳтар карда шавад.
«Дар барномаи бақайдгирии давлатӣ — «Равзанаи ягона» аз оғози соли 2018 модули нави хизматрасонӣ мавриди амал қарор дода шуд. Барномаи мазкур имконият дод, ки муроҷиаткунандагон ариза ва ҳуҷҷатҳояшонро барои бақайдгирии давлатӣ тариқи электронӣ пешниҳод намоянд»,- иброз намуд Раиси Кумитаи андоз.
Ба зикри мавсуф, дар ин давра аллакай зиёда аз 4300 нафар шаҳрвандон барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ тариқи электронӣ муроҷиат намуданд. Инчунин ҷиҳати васеъ намудани истифодаи ин намуди хизматрасонӣ чораҷўӣ идома дорад.
Ҳамзамон зимни нишаст гуфта шуд, ки тибқи маълумоти Феҳристи ягонаи давлатӣ то 1 январи соли 2019 дар ҷумҳурӣ 315,8 ҳазор субъектҳои хоҷагидори амалкунанда мавҷуд мебошанд, ки нисбат ба 1 январи соли 2018 14 ҳазору 580 адад зиёд аст.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






