ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки боронӣ шуда, дар баландкӯҳҳо барф меборад
ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 7-12 дараҷа сард мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо барф меборад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, ҳарорат рӯзона ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳарорат шабона ба -4+1 дараҷа расида, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландкӯҳҳо барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона ҳарорат ба -2+3 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






