Пас аз таҷдид имконияти истеҳсоли барқ дар неругоҳи «Қайроққум» 38% меафзояд – бардошт аз нишасти матбуотӣ

Февраль 7, 2019 16:29

ХУҶАНД, 07.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Қарор аст, ки марҳилаи таҷдиду барқарорсозии иқтидори Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» моҳҳои март–майи соли 2019 оғоз гардида, корҳо аз ҷониби ғолиби озмун- ширкати муштараки Франсияву Испания “GE Hydro France – Cobra Instalaciones Y Servicios SA” ба роҳ монда шаванд. Ҳоло бо ин ширкат шартномаи тарафайн ба имзо расида, маблағгузорӣ низ шудааст.  Доир ба ин масъала ва паҳлуҳои дигари фаъолияти ин неругоҳ сардори Шабакаҳои барқи вилояти Суғд Тӯра Атамов  6 феврал зимни нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки корҳои таъмиру таҷдид дар ду марҳила амалӣ шуда, пас аз пурра ба анҷом расидани барқарорсозӣ истеҳсоли неруи барқ дар НБО-и «Қайроққум» то 38% афзоиш ёфта, иқтидори он  аз 126 ҳазор кВт.соат то ба 174 ҳазор кВт.соат расонида шуда, муҳлати истифодаи таҷҳизот низ зиёд мегардад.

Ҳамчунин вобаста ба фаъолияти имрӯзаи неругоҳ гуфта шуд, ки соли 2018 дар НБО «Қайроққум» 748,9 млн.кВт.соат энергияи барқ истеҳсол гардидааст. Қабули умумии энергияи барқи истифодашуда зиёда аз 4,9 млрд.кВт. соатро ташкил додааст, ки 4,1 млрд.кВт.соати он энергияи барқи фоиданоки истифодашуда ба ҳисоб меравад. Инчунин дар ин давра дар неругоҳ таъмири асосии гидрогенератори №4, таъмири ҷории 5 гидрогенераторҳои боқимонда, трансформаторҳои қуввагӣ, таҷҳизоти асосии барқӣ, насосҳои технологию обёрӣ ва кранҳои борбардор гузаронида шуд.

Бояд гуфт, ки нақшаи сохтмони неругоҳи «Қайроққум» ҳанӯз соли 1940 тарҳрезӣ гардида, соли 1957 ба истифода дода шудааст. Давоми 62 соли корӣ аксари таҷҳизоти он кӯҳнаву таъмирталаб гардида, ниёз ба таъмиру таҷдид ба миён омад.  Айни ҳол  системаи энергетикии вилояти Суғд Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ва шаш шабакаи барқии минтақавиро, ки аз 18 шабакаи шаҳру ноҳиявӣ иборатанд, дар бар мегирад.

Февраль 7, 2019 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад