Профессори турк: «Миллати тоҷик бо чунин Сарвари фозил ва арҷманд бояд ифтихор кунад»

Февраль 6, 2019 10:39

ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ таҳти унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид. Дар ин Симпозиум иштирокдорон дар мавзӯъҳои бадномкунӣ ва суиистифодаи дини мубини Ислом аз тарафи террористон, даст задани аъзои ба ном ҳизбҳои «исломӣ» ба ҷиноятҳои сангин, аз қабили куштор, фаҳш, кӯшишҳои табаддулоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо бо кишварҳои бадхоҳ сухан гуфтанд.

Аз ҷумла, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти дини мубини Ислом изҳори назар карда, таъкид намуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар дини мубини Ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмонони бонуфузтарини ҷаҳон шомил шудаанд. «Аз ҷумла, бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия ­ Имоми Аъзам баргузор гардид, ки эшон низ дар он ширкат ва суханронӣ карданд. Нашри китоби муқаддаси мусалмонон Қуръон бо хатти кириллӣ, бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳама мусалмонони Тоҷикистон аз донишмандӣ ва хоксории чунин як Президенти мамлакат шаҳодат медиҳад»,- иброз дошт профессори турк.

Дар идомаи суҳбаташ олими барҷаста иброз намуд, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор намояд, зеро чунин Сарвар ба ҳар миллату давлат насиб намегардад. Иловатан префессор тазаккур дод, ки ҳангоми сафари навбатиаш ба Тоҷикистон аз Президенти ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.

С. Коҷатурк дар идома аз таассуроти сафарҳои худ ба Тоҷикистон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки дар як муддати кӯтоҳ ба чунин як кишвари зебо табдил додани Тоҷикистон танҳо кори Эмомалӣ Раҳмон буд. Профессори турк аз сатҳи баланди ахлоқу одоби сокинон, босуръат бунёд ёфтани корхонаю биноҳои истиқоматӣ дар кишвар, зебогии пойтахт- ­ шаҳри Душанбе, фаъолияти як зумра муассисаҳои динӣ, аз қабили Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит изҳори хушҳолӣ намуд.

Саадеттин Коҷатурк аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ба суханони аъзои ташкилотҳои террористию ифротӣ, чун пайравони ҲНИ, ки аз хориҷ ба кишвари худ санг мезананд, эътибор надода, аз Тоҷикистони биҳиштосо дидан намоянд. Ҳамзамон устоди Донишгоҳи Анқара зикр  кард, ки бо усулҳои динӣ ва ақидаҳои динӣ ҳеҷ гоҳ давлатро идора карда намешавад. Ӯ ба он ақида аст, ки кишварҳое, ки бо ин усул фаъолият мекунанд, поянда буда наметавонанд.

Дар охири суханронӣ профессор С.Коҷатурк омодагии олимони туркро дар самти ҳамкорӣ бо олимони тоҷик иброз дошта, пешниҳод дошт, ки чунин вохӯриҳои олимони ду давлат бештар ба роҳ монда шавад. Зеро ташкилотҳои ифротию террористӣ бо дурӯғу бофтаҳои хаёлии худ номи кишварҳои дӯсту бародарро ба бадӣ инъикос карда, фурсатҳоро барои манфиатҳои нопоки худ истифода мебаранд.

Саадеттин Коҷатурк соли 1941 дар шаҳри Қайсарии Ҷумҳурии Туркия зода шудааст. Мавсуф соли 1965 барои таҳсил дар бахши магистратура ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуда, номзадиашро ҳимоя кардааст. С. Коҷатурк соли 1969 дар донишгоҳи Теҳрон унвони докторӣ ба даст меорад. Олими турк унвони дотсентиашро дар Франсия ва профессориашро дар Ҷумҳурии Арабии Миср ҳимоя кардааст. Саадеттин Коҷатурк донандаи забонҳои хориҷии франсузӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.

Февраль 6, 2019 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими кушодашавии 46-умин сессияи баҳории Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Санъати нодир — кундал дар Тоҷикистон рушд меёбад
«КӮЗАИ ВАҲДАТ». Ин кӯзаи мунаққаш аз хоки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон сохта шудааст
Аксари ҳунармандони «Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон» ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» мебошанд
Дар Вазорати фарҳанг оид ба нақши муассисаҳои фарҳанг дар рушди маънавиёти ҷомеа ҳамоиш доир шуд
«ОФТОБИ НАЗМИ ОЛАМ». Дар Душанбе бахшида ба бузургдошти 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш баргузор гардид
Дар Париж барномаи фарҳангии Шашмақом баргузор гардид
ПАНДИ ҲОФИЗ — ҲИДОЯТГАРИ ИНСОНҲО БА СӮИ КАМОЛОТИ МАЪНАВӢ. Бардошт аз конфронси илмӣ-байналмилалӣ дар ЮНЕСКО
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар қароргоҳи ЮНЕСКО 700-солагии Ҳофизи Шерозиро таҷлил менамояд
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид