РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН. Донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон барои Сергей Лавров суруд хонданд ва ҳамроҳаш акс гирифтанд
ДУШАНБЕ, 06.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамроҳи ректорашон Нуралӣ Солеҳов Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавровро пешвоз ва бо ӯ акс мегиранд.
Сергей Лавров дар рафти сафар ба Тоҷикистон дар назди донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистону суханронӣ кард. Дар даромадгоҳ вазирро донишҷӯёни тоҷик ва рус бо либосҳои миллӣ пазироӣ намуданд.
Онҳо барои Лавров сурудҳои миллии тоҷикию русӣ хонданд ва ҳамроҳаш акс гирифтанд.
Сергей Лавров зимни суханронии худ изҳор дошт, ки Россия кӯшиши он ҷавонони тоҷикро, ки мехоҳанд дар макотиби Россия таҳсил кунанд, қадр мекунад. «Имрӯзҳо мувофиқи барномаи Россия дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳо зиёда аз 28 ҳазор нафар донишҷӯёни Тоҷикистон таҳсил мекунанд», — афзуд вай.
Вазир ҳамчунин ёдовар шуд, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар рушди омӯзиши забони русӣ ва фарҳанги русӣ дар кишвар аҳамияти хос медиҳад.
Ин сафари нахустини Вазири корҳои хориҷии Россия ба Тоҷикистон нест. Моҳи апрели соли 2012 низ дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷиккистон Сергей Лавров меҳмони устодону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон шуда буд. Дар ҳамоише, ки ба ин муносибат дар донишгоҳ баргузор шуд, ректори ҳамонвақтаи ДСРТ Маҳмадюсуф Имомзода ба Лавров дипломии «Доктори иифтихории Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон»-ро супорид.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, Вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров 4-5 феврали соли 2019 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин мулоқот намуд.









Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид






