Роҳи Хоруғ-Ишкошим, ки бар асари фаромадани 20 тарма банд буд, дубора кушода шуд
ХОРУҒ, 11.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари боришоти барфи зиёди рўзҳои аввали моҳи феврал роҳи мошингарди Хоруғ- Ишкошим боз дар банди тармаҳо монд. Дар ин масир танҳо дар се – чор рӯзи охир боз 20 тарма рӯи роҳи мошингард рехт ва ҳаракати роҳро барои мошинҳои сабукраву боркаш ғайриимкон гардонид. Бо саъю талоши шабонарӯзии роҳсозони идораи «Бадахшонроҳ» давоми се рӯз тармаҳо пок ва ҳаракати мошинҳои гуногунтамға дубора барқарор гардид.
Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи мазкур Асрор Мирзонаботов, ғафсии барф дар кӯҳдоманҳо то якуним метр расида, бо каме гарм шудани ҳаво шумораи тармафароӣ афзоиш ёфт. Ҳанӯз ҳам фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ се техникаи пуриқтидор дар ин мавзеъ қарор доранд.
Тармафароӣ ба сокинони деҳаи Андарби ноҳия низ хисороти моддӣ расонид. Сокини деҳаи мазкур Маҳрам Қурбонбеков гуфт, ки тарма як манзилро вайрон кард. Хушбахтона, соҳибони хонаро наҷот доданд, аммо 20 сар чорвои калону майда зери тарма монданд. Зиёда аз 50 дарахти сояафкану мевадор ҳам нобуд шуданд. Сокинони куҳансоли деҳа мегӯянд, ки дар 80 соли охир чунин боришоту тармафароиро мушоҳида накардаанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






