«Саадеттин Коҷатурк: миллати тоҷик бо чунин Сарвари фозил ва арҷманд бояд ифтихор кунад»,- шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 07.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон дар матбуоти даврии Тоҷикистон он рӯйдодҳои муҳиме, ки дар кишвар ва ҷаҳон ба вуқӯъ омадаанд, бозтоб гардидаанд.
«Ҷумҳурият» нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи №28, чоршанбе, 6 феврали соли 2019 дар радифи нашри Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тағйироти кадрӣ дар сохтори Ҳукумати мамлакат мақолаеро таҳти унвони «Тоҷикистону Покистон заминаи фарох барои густариши ҳамкории энергетикӣ ва тиҷоратӣ»-ро нашр намудааст. Дар мақола сухан дар бораи ҳамкории судманди Тоҷикистону Покистон, хусусан дар бахши ҳамкории энергетикӣ ва тиҷоратӣ меравад, аз ҷумла дар мақола чунин омадааст: «Тоҷикистон 4 дарсади иқтидори гидроэнергетикии ҷаҳонро доро буда, савумин тавлидкунандаи барқи обӣ ба шумор меравад. Татбиқи лоиҳаҳои барқии Тоҷикистон ба манфиати тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Покистон мебошад. Яке аз дигар самтҳое, ки ҳамкории Тоҷикистону Покистонро такон мебахшад, амалисозии лоиҳаи CАSА-1000 мебошад. Ширкатдорони асосии он Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистонанд. Ҳадафи асосии лоиҳаи CАSА-1000- ин тавлид ва интиқоли барқи обӣ аз Осиёи Миёна ба Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бо амалисозии ин лоиҳа Покистон 1300 мегаватт барқи арзону тоза дарёфт менамояд». Инчунин «Ҷумҳурият» дар ин шумора бо номи «Саадеттин Коҷатурк: миллати тоҷик бо чунин Сарвари фозил ва арҷманд бояд ифтихор кунад»-ро чоп намудааст. Дар ин мақола суханронии Саадеттин Коҷатурк, профессори Донишгоҳи Анқараро дар Симпозиуми байналмилалии «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат», ки 5 феврал дар пойтахти Туркия -шаҳри Анқара доир гардид, чоп намудааст. Дар симпозиум профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк оид ба хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти дини мубини ислом ба ҳозирон маълумот дода, таъкид намудааст, ки «Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар дини мубини Ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмони бонуфузтарини ҷаҳон шомил шудаанд. Профессори турк зикр намуд, ки бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии бузургдошти пешвои мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам баргузор гардид, ки эшон низ дар он ширкат ва суханронӣ кардааст. Нашри китоби муқаддаси мусулмонон — Қуръон бо хати кириллӣ, бунёди бузургтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳама мусулмонони Тоҷикистон аз донишмандӣ ва хоксории чунин як Президенти мамлакат шаҳодат медиҳад. Миллати тоҷик бояд бо доштани чунин Президенти фозил ва арҷманд ифтихор намояд, чунин Сарвар бар ҳар миллату давлат насиб намегардад. Иловатан, профессор тазаккур дод, ки ҳангоми сафари навбатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Донишманди турк ҳамзамон аз ҳозирон даъват намуааст, ки ба суханони аъзои ташкилотҳои террористию ифротӣ, чун пайравони ҲНИ, ки аз хориҷ ба кишвари худ санг мезананд, эътибор надода, аз Тоҷикистони биҳиштосо дидан намоянд. Ҳамзамон устоди Донишгоҳи Анқара зикр кард, ки бо усулҳои динӣ ва ақидаҳои динӣ ҳеҷ гоҳ давлатро идора карда намешавад. Ӯ ба он ақида аст, ки кишварҳое, ки бо ин усул фаъолият мекунанд, поянда буда наметавонанд».
Ҳамзамон «Ҷумҳурият» дар ин шуморааш хабару гузоришҳоро аз ҷараёни баргузории нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳои кишвар ва дигар рӯйдодҳо ва навгониҳоро аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ва ҷаҳон нашр намудааст.
«Садои мардум» нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар №15, панҷшанбе, 7 феврали соли 2019 дар саҳифаи якумаш хабару гузоришро доир ба тағйироти кадрӣ дар сохтори ҳукумати мамлакат ва роҷеъ ба мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров, ки 5 феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, мунташир намудааст. Ҳамзамон хонандагони «Садои мардум» имкон доранд аз нашрияи парлумонӣ Фармонҳо ва Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тағйироти кадрӣ дар Ҳукумати мамлакат мутолиа намоянд. «Садои мардум» инчунин хабару гузоришҳоро аз баргузории нишастҳои хабарӣ дар вазорату идораҳо ва мактабҳои олии мамлакат интишор намудааст. Инчунин дар саҳифаҳои якум ва чоруми нашрияи парлумонӣ «Садои мардум» мақола таҳти унвони «Ба таърих бо чашми хирад бингарем ё чаро ҳаракати босмачигарӣ расонаӣ шуд?» аз нашряи расмии Ҳукумати Тоҷикистон «Ҷумҳурият» бознашр гардидааст.
«Народная газета» нашрияи русизабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар №7, чоршанбе 6 феврали соли 2019 Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар робита ба тағйироти кадрӣ дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хабари расмиро аз ҷараёни мулоқоти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров нашр намудааст. Хонандагони «НГ» инчунин имкон доранд дар ин шумора мақолаҳоро таҳти унвони «Исфара намерена стать туристическим городом», «Постание –важный исторический документ», «Таджикистан и Катар подписали межправительственное соглашение», «Я вернусь» ва дигар хабару гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа мутолиа намоянд.
«Минбари халқ» нашрияи Марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар №6, 6 феврали соли 2019 дар баробари чопи хабару мақолаҳо аз ҳаёти хизб, инчунин мақолаҳоро вобаста ба мавзӯоти муҳими ҷомеа, назири «Содироти барқ ду баробар афзуд», «Босмачигарӣ ҳаракати зидимиллӣ буд», «Салом ҳамватан», «Бояд ғизои солим истеъмол кард»-ро чоп намудааст. Инчунин хонандагони «Минбари халқ» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳои «Худшиносӣ -рукни пойдории миллат», «Муҳаббати дӯст», «Мактаби Шакурӣ побарҷост», «Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост?» ва ғайраро мутолиа намоянд.