Саъдӣ Каримов: «Мақсади Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошад»

Февраль 15, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 15.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» аз ҷониби мутахассисони Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар 180 деҳаи интихобгардидаи ноҳияҳои зерҳадаф ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон таъсис дода шуд. Ин нуктаро имрӯз директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Саъдӣ Каримов ба хабарнигорони иброз дошт.

Ба иловаи номбурда, бо мақсади кишти саривақтӣ  ва ҷамъоварии ҳосили зироати хӯроки чорвою зироати кишоварзӣ дар асоси дархости манфиатгирандагон техника ва мошинолоти зарурӣ дастрас карда шуда, барои истифода супорида шуданд. Барои хушзоткунии чорвои аҳолӣ ба ноҳияҳои зерҳадаф 600 сар  қӯчкори зоти «Ҳисорӣ», 37 сар буққаҳои хушзоти сиёҳало ва швидӣ ва 30 маҷмӯъ асбобу анҷоми бордоркунии сунъии чорво ба манфиатгирандагон дастрас карда шуд.

«Дастгирии занони деҳот ҳадафи асосии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маҳсуб шуда, дар доираи Лоиҳа 200 нафар занони эҳтиёҷманд дар самтҳои занбӯрпарварӣ, маркетинги шир, парвариш ва бастубанди хуч ҷалб карда шуданд»,- гуфт директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо».

Бояд гуфт, ки Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (ФБРК) маблағгузорӣ шуда, мақсади асосии Лоиаи мазкур- ин паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои фарогир мебошад.

Ҳоло марҳилаи дуюми Лоиҳа мавриди амал қарор гирифта, он ноҳияҳои Восеъ, Данғара, Кӯлоб, Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадониро фаро мегирад.

Февраль 15, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид