Ширкати «Светал»-и Россия дар Тоҷикистон корхонаи муштарак таъсис хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 21.02.2019/АМИТ «Ховар»/. 19 феврал дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии мудири ширкати «НПО Светал» -и шаҳри Барнаули кишвари Олтойи Федератсияи Россия Иван Алексеенко бо намояндагони корхонаю ширкатҳои аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар вохурӣ фаъолияти ширкати «НПО Светал» муаррифӣ гардид. Ширкати мазкур ба таҳия ва истеҳсоли чароғу лампаҳои нурафшони барои кӯчаю хиёбон ва корхонаҳо махсусгардонидашуда, дигар дастгоҳу таҷҳизот, чароғҳои равшанидиҳандаи инноватсионӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза машғул мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон доир ба фаъолияти ширкатҳои Тоҷикистон, ки дар самти истеҳсоли чароғ ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳандаю нурафкан фаъолият доранд, иттилоъ дода шуда, масъалаи таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт баррасӣ гардид.
Бо назардошти талаботи бозори кишвари ҳамсояи Афғонистон аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар оянда дар Тоҷикистон бо мақсади истеҳсоли чароғҳо ва дигар таҷҳизоти равшанидиҳандаю нурафшон корхонаи муштарак таъсис дода шавад.








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






