Сироҷиддин Икромӣ: «Амонатбонк» дар самти ҷалби бештари занон ба низоми бонкӣ фаъол аст»
ДУШАНБЕ, 05.02.2019/АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк», ки ягона бонки давлатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар самти ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон дар сохтори бонкӣ ба кор дар қиёс ба дигар бонкҳои кишвар муваффақ гардидааст.
Раиси тозатаъини Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ 5 феврал дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо дахли масъалаи мазкур гуфт, ки айни замон дар «Амонатбонк» 1087 нафар занон фаъолият доранд, ки он 42,4 фоизи шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳад.
«Роҳбарияти «Амонатбонк» саъй намуда истодааст, ки дар оянда теъдоди занонро дар низоми бонкӣ зиёд намуда, панҷоҳ фоизи шумораи кормандони роҳбарикунандаи филиалҳои БДА «Амонатбонк»-ро аз ҳисоби занон таъмин намояд»,- иброз намуд С. Икромӣ.
Ҷалби бештари занон ба сохторҳои бонкии мамлакат дар ҳолест, ки Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони бонкҳои ҷумҳурӣ дастур доданд, ки сафи кормандони бонкҳоро аз ҳисоби занон зиёд намоянд.








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






