Соли 2018 ба иқтисодиёти Тоҷикистон 645 миллион доллар сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст

Февраль 12, 2019 15:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Соли сипаригардида ба иқтисодиёти Тоҷикистон  645 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки  326 миллион доллари онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ  дар соли гузашта  12 феврал дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки «Кумита  фаъолияти худро  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳтар намудани  фазои сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар кишвар равона намудааст».

Барои дарёфти сармояи хориҷӣ бо мақсади аз кишвари аграрӣ- саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани мамлакат ва татбиқи  ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки саноатикунонии мамлакат мебошад, Кумитаи сармоягузорӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.  Соли гузашта бештар ба иқтисодиёти Тоҷикистон кишварҳои Чин, Россия, Туркия, Ӯзбекистон, Белгия, Швейтсария, Франсия, Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар кишварҳои ҷаҳон сармоягузорӣ намудаанд. Корхонаҳои саноатии мамлакат, назири «Ширкати тоҷикию хитоӣ», «ФШДММ С.А.Минералс»,  «Оҳангудозии Тоҷикистон», «Кока-Кола- нӯшокиҳои Тоҷикистон», «ЗАРИНК», «КМ Муосир», «Пакрут», «Рушди кишоварзии Тоҷикистону Чин», «Алфапет», «Тк Ойл», «Нуриҳои Осиё», «ТАЛКО  Голд», «Чунтай  Данғара Син Силу» ва «Шивер» корхонаҳои саноатии кишваранд, ки ба  ҷумҳурӣ сармояи мустақим ворид намудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи даҳ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст. Қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат-  энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст.

Февраль 12, 2019 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд