Судяҳои Суди Олӣ ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2019/АМИТ «Ховар»/. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва коромӯз- судяҳо дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисосро ба роҳ мондааст.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Душанбе ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат гуфт, ки соли сипаригардида қариб 350 нафар дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд. Беш аз 170 нафарро судяҳо ва боқимондаро кормандони дастгоҳи судҳо ва коромӯз-судяҳо ташкил медиҳанд.
Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта Шермуҳаммад Шоҳиён зикр кард, ки соли 2018 аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва судҳои поёнӣ беш аз 142 ҳазор парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, ки дар қиёс ба соли 2017 қариб шаш ҳазор парванда кам аст. Парвандаҳои баррасигардидаро парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ташкил медиҳанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






