Суннатулло Ҷонбобоев: «Дар ин ҷаҳони пуртазод мардум ба фарҳанги сулҳ ва мадоро бештар эҳтиёҷ доранд»

Февраль 11, 2019 13:28

ДУШАНБЕ, 11.02.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони ҷаҳонишавӣ, авҷи хатари ваҳшатафканӣ (терроризм), дар ҳоли камранг ва заиф шудани эҳсоси масъулияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳо дар назди ҳамҷинсон, суст шудани эҳсоси ҷавобгар будани ҳар як инсон (ва давлатҳо) дар назди қонунҳои байналмилалӣ ва суботу сулҳи пойдор дар ҷаҳон аз ҳарвақта муҳим аст, ки мо дар бораи ватан ва хоку замини аҷдодии худ бештар фикр ва барои ғановату пешрафти ватану ватандории худ амал бикунем. Ин матлабро мудири  Маркази синошиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ, номзади илмҳои фалсафа Суннатулло Ҷонбобоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд. Андешаҳои пурраи номбурдаро дар бораи оини ватандорӣ, рушди давлати миллӣ ва ҷомеаи маданӣ пешкаши хонандагони сомона мегаронем:

Маълум аст, ки Ватан барои ҳар як фард, аз ҷумла барои тоҷикон аз хонаву кӯча ва деҳаву диёри хурди он оғоз мешавад ва бо фарогирии мамлакату миллат, аҳли сайёра ва нигоҳдошти охирин падидаи ҳаёт дар рӯи сайёра хатм мешавад. Асос ва моҳияти ватанро ҳиссиёти иҷтимоиву сиёсии шахсият, муҳаббати ӯ ба волидон, сарзамини аҷдодӣ, таърих ва фарҳанги бумии мардум ташкил медиҳанд.

Ватандӯстӣ дар асли худ чунин ҳолати равонии инсон аст, ки ҳангоми дар вуҷуди инсон зуҳур намудани он шахс тайёр аст, ки барои ватан-модари худ охирин ва нодиртарин дороии худ — ҷони азизро фидо намояд. Дар таърихи тоҷикон, хушбахтона, чунин шахсиятҳои дорои ҳамин гуна ҳиссиёти баланди инсонӣ хеле бисёр буданд ва ҳар яке тақдири хоси худро доштаанд, албатта яке дар ин роҳ то ҳадди имкон муваффақ шудаву дигаре бадбахту ноком монда…

Одатан дар ҳоли ғалабаи ҳисси ватандӯстӣ инсон мехоҳад, ки садоқати худро ба ватан аз тариқи бузургдошт ва қадрдонӣ намудани арзишҳои милливу фарҳангии халқи худ, мансубияти худ ба умумияте, ки шахс дар оғӯши он солҳо ба камол расидааст, собит намояд, муҳаббати худро ба расму русуми аҷдодӣ, забону каломи модарӣ ба қалам дароварад. Маҳз ҳамин гуна ҳиссиёт роҳнамои қаҳрамонони маҳбуби сарзамини мо буданд, ки ҷони худро дар роҳи озодӣ аз аҷнабиён, ба мисли сафедҷомагону пайравони Муқаннаву Абумуслими Хуросонӣ, сомониёну ғуриён ва сарбадорон барои эҳёи давлатдорӣ ва ифтихори миллии мардумони ориёнажод дар Осиёи Марказӣ барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ-бунёди давлати миллии тоҷикон фидо намуданд.

Дар ростои шинохти дубораи мафҳуми ватан ва миллат дар замони модерн, террори сталинӣ ва истиқлолияти давлатии навин номҳои шахсиятҳои сиёсӣ, ба мисли  Шириншоҳи Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Чинор Имомов, Бобоҷон Ғафуров  ва Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури мардум мақоми рамзӣ (ибратбахш) ва калидӣ доранд.

Маълум аст, ки эҳсоси ватандӯстӣ моли таърих аст ва он таърихи таҳаввул дошта, эҳсоси абадиву осмониву фалакӣ нест. Ин падида дар замону макони мушаххас ба вуҷуд меояд ва наметавонад бе хости соҳиби амал (субъекти фикркунанда) дар ҷое ва замоне мушаххас ба миён ояд. Вобаста ба ин падида вожа ва мафҳуми меҳану ватан аз тарафи ҳаммеҳанон гоҳе аз будаш васеътар ва гоҳе хеле танг таъбир мешаванд. Вале агар ашхоси миллат дар бораи натиҷаи амалии ҳиссиёти худ, муҳаббати худ ва масъулияти худ ҳамвора ва мунтазам фикр накунанд, он гоҳ миллат ба мушкилоти вазнине дучор хоҳад шуд.

Ин фикр дар робита ба диалектикаи мафҳумҳо аст, ки дар қутби дигари ватандӯстиву миллатдӯстӣ ҳиссиёти дигари ғайри қобили қабул-эҳсоси бетарафӣ ва бемасъулиятӣ қарор гирифтаанд, ки метавонанд соҳиби фикру амал (субъект) ва ҳам мухотабу объектҳои  атрофи онро аз ҳоли мувозинат ва ҳамоҳангӣ берун барорад. Ин ҷо сухан дар бораи ҳиссиёти бузургталошӣ (шовинизм) ва бегонаситезӣ (ксенофобия), яъне паст задани иззати нафси миллату халқҳои дигар дар баробари миллати худ мебошанд, ки дар сиёсатҳои ашхос ва гурӯҳҳову давлатҳои алоҳидаи замони ҳозира ҳоло хеле роиҷанд.  Аз ин ҷост, ки ҳисси ватандӯстӣ масъулият аст ва дар ҷавҳари он муҳаббат ба миллати худ ва дигарон ниҳон аст.

Айни замон мафҳуми ватан дар тӯли таърих таҳти таҳаввул қарор гирифтааст: бо ба вуҷуд омадани динҳои ҷаҳонӣ мазмуни он васеъ ва қимати қавмиву хунии он чанде коста шуда ва табиист, ки дар ин ҳол арзиши ҳисси ватандӯстии қавмӣ камранг ё беранг шудааст. Динҳои ҷаҳонӣ таълим медиҳанд, ки дар назди Худо ҳамаи мардум баробаранд ва таври мисол, дар вуҷуди Исои масеҳ тамоми тафриқаҳо аз байн хоҳанд рафт…, яъне назди Худо тафовутҳои қавмиву ҷинсӣ, ирқиву нажодӣ, синфиву табақавӣ заиф ва беранг мегарданд.

Дар Оинномаи (устав)-и динҳои ҷаҳонӣ, алалхусус масеҳиёни аввал борҳо омадааст, ки ватани аслии диндорон (насоро) калисо аст, ҳамон гуна, ки ватани аслии яҳудиҳо куниш (синагог) мебошад, онҳо дар дигар ҷойи рӯи замин худро бегона эҳсос мекунанд. Илова ба ин онҳо аз ғалаба дар ҷанг хушнуд ва аз омадани офату бадбахтӣ ба мамлакат ба даҳшат намеафтанд, зеро ин гуна падидаҳо як амри илоҳӣ ва зарурӣ тасаввур мешаванд.

Тасаввуроти ба ҳамин монанд дар дини мубини ислом ва макотиби мухталифи он вуҷуд дорад, ки ин ҷо ҳам ранги пӯсту забону насаб ва ҷои зист аз аҳамият бархурдор нестанд. Зиёда аз ин дар ибтидои ислом ё исломи аввал дунё ба ду қисмат тақсим шудааст: дор-ул-ҳарб ва дор-ул-ислом. Мусулмонони аввал дар роҳи ба ислом даъват намудани мардумони дунё таҳти ҳамин шиор кишваркушоӣ мекарданд, аз шамшер истифода бурда, мехостанд, ки аз тариқи ҷиҳод мардуми тамоми ҷаҳонро ба як дину мазҳаб ташвиқ намоянд ва каломи илоҳӣ ва забони арабӣ ҳамин гуна васила буданд, ки мардум мутаҳҳид бишаванд. Дар ин роҳ як умумияти нави одамон-уммати мусулмонон дар мантиқаи фарогир бунёд гардид. Дар натиҷа мафҳуми миллати ислом ба вуҷуд омад, ки қавмҳои мухталифро дар худ муттаҳид намуд.

Баъди дусад соли оғози ислом дар заминаи ин дин дар заминаи тамаддунҳои гузашта ин ҷо тамаддуни нав тахсис шуд, ки ҳоло моли таърих аст. Андешаи ягонагии одамонро бо роҳи оштиву мадоро тасаввуфи ислом низ пайгирӣ карда, ба натиҷаҳои ҷолибе расидааст. Вале замон ва вақт тағйир карданд, дар давраи нави рушди сармоядории Ғарб ҷаҳони ислом истеъморӣ шуд. Риштаи раҳбарияти андешаи миллатҳо ва давлатҳои мусулмонӣ дар ин замон ба дасти истеъморгарони Ғарб гузашт. Акнун мусулмонон дар ҳаракатҳои озодихоҳии худ дар муқобили истеъморгарон ба дифои ислом пардохтанд ва аз он чун абзори сиёсӣ ба шакли бунёдгароӣ ё сотсиализми исломӣ истифода намуданд. Табиист, ки ҳам истеъморгарон ва ҳам ҳаракатҳои озодихоҳии мусулмонона тамоюлҳои ақлгароёна ё таърихи пурғановати илму технологӣ дар ислом, балки андешаи ҷиҳодии исломро барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонгирӣ ва истиқлоли миллии худ созгор донистанд.

Ҳоло шакли иғроқшуда ва ҷиҳодии чунин  андешаи ватан ва ватандориро дар таълимоти бунёдгароёни динӣ (ҳаракати салафия, ҳизбут-таҳрир) дучор шудан мумкин аст. Ҳаракатҳои ба ном ҷиҳодӣ пайравони ҳамаи динҳои ғайрисломиро мансуб ба куфр медонанд ва дар сурати даст накашидан аз дини худ рехтани хуни онҳоро раво медонанд. Маҳз ҳамин гуна тасаввурот заминаи даъвати «давлати ба ном исломӣ -Доиш»-и онҳо барои ҷиҳоди исломӣ дар Шарқи Наздику Миёна ва Афғонистон шудааст ва таҳдид ба ҳувияти қавмиву миллии ҳалқҳо дорад (чӣ тоҷикон ва чӣ халқҳои дигари пасошӯравӣ).

Дар муқобили ин раҳбарон ва бузургони дину сиёсати ҷаҳони ислом борҳо даъват ба амал оварданд, ки мусулмонон бояд аз ин гуна тасаввуроти ибтидоӣ даст бикашанд. Зеро ба хотири кадом нияту мақсади баланде ҳам набошад, куштани як нафар инсон дар ислом ба куштори тамоми инсоният баробар аст. Дар китоби муқаддаси мусулмонон омадааст, ки ҳар касе  ҳақ дорад пайравӣ аз дину оини худ дошта бошад, вале ба дини дигарон ҳатман бояд эҳтиром дошта бошад, зеро дар дин зӯрӣ нест. Дар дигар сарчашмаҳои ислом қайд мешавад, ки мусулмонон ба динҳои дигар хушбинанд: яъне Исо бо роҳи худ ва Мусо бо роҳи худ! Вале пружаҳои сиёсии истеъморӣ барои ба мақсадҳои геополитикии худ расидан ҳар гуна сарҳадҳои фарҳангиро мешикананд. Дар кулл мусулмонони муосир аз технологияи нави фикрии муқовимат, баҳсу андеша ва истидол бархурдор нестанд. Дар натиҷа онҳо тасмими нодуруст мегиранд, ки ба фишор бо фишор ҷавоб бидиҳанд. Вале ин кор дар ҳоли муқовимати нобаробар барои ҳастии онҳо таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, аз нигоҳи сиёсӣ ба ин масъалаи қадимӣ роҳбари имрӯзаи давлати Миср Абулфаттоҳ Ал-Сиси баҳо дода буд. Дар яке аз аввалин вохӯрӣ бо уламои Донишгоҳи Ал-Азҳар ӯ аз уламои исломӣ даъват кард, ки бар зидди ин гуна ақидаҳои ба замони муосир хатарнок (тақсими ҷаҳон ба дорул-ислом ва дор-ул-ҳарб ва мақсади сохтани давлати ҷаҳонии исломӣ —истилоҳи А.Мавдудӣ, 1903-1973, муаллифи «Тафҳим ул-Куръон») садо баланд кунанд. Дар муқобили зиёдахоҳӣ (радикализм) фатво бароранд ва ниҳоят роҳи наҷоти миллатҳои мусулмонро дар ҷаҳони пуртазоди глобалӣ равшан кунанд.

Ин назари Ал-Сиси комилан ақлонӣ аст. Зеро ба андешаи ӯ, мусулмонон, ки яку ним миллиарди нуфуси аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд, набояд бо эълони ҷиҳод бо 5.5 млрд. мардуми боқимондаи дунё дар ҳоли ҷангу набард қарор дошта бошанд. Дар ин ҷаҳони пуртазод ва хатарзо, ки мардумони дунё ҳоло гӯё дар болои як махзани пур аз борут нишастаанд, мардум ба фарҳанги сулҳ ва мадоро бештар эҳтиёҷ доранд, нисбат ба нифоқу ҷанг.

Бунёнгузорони давлати «пролетарӣ» низ даъват ба он доштанд, ки бояд «ватандӯстии пролетарӣ», яъне ватани коргару деҳқон ба вуҷуд оварда шавад, ки он мафҳуми меҳану ватанро аз нигоҳи ҷуғрофӣ хеле васеъ менамуд ва дар зеҳн тамоми сайёраи дар зери диктатураи пролетариро дар назар дошт. Ин равия ҳам ҳисси дӯстдории ватани худ, ватани аз нигоҳи ҷуғрофӣ хурду қавми камнуфуси худ, забони модарии худ, фарҳанги миллӣ ва ғ.-ро ғайри қобили қабул медонистанд ва дар ниҳоят бо амри Марказ ватандӯстони коммунисти кишварҳои атрофи қисматҳои марказии Россияро бо ҷурми «душманони халқ» ё ҷосуси импералистон будан ба Сибир ва дигар лагерҳои сталинӣ фиристода, аз байн бурданд.

Дар замони шӯравӣ ватани мо «шашяки рӯи замин»-ро ташкил медод ва халқу миллатҳо ба ҳам омехта, миллати ояндаи мо бояд «шӯравӣ» мешуд. Дар давлати коммунистӣ, аз рӯи ақидаи асосгузорони он мебоист, ки як давлат, як забон ва як миллат (миллат ё халқи шӯравӣ) арзи ҳастӣ мекард. Асосгузори давлати пролетарӣ В.И.Ленин дар асарҳои баъдан нашргардидаи худ навиштааст, ки ҳатто дар саросари тамоми дунё дар ояндаи наздик як забон мемонад. Ва ба андешаи ӯ, ин ё забони англисӣ мешавад ё русӣ. Вале дар қавсайн навишта ки: беҳтар мешавад, агар русӣ бошад! …Дар ҳамин мисол дидан мумкин аст, ки чӣ гуна миллату мазҳабҳои ғолиб иродаи худро аз роҳҳои мухталиф ба халқу миллатҳои дигар бор мекунанд ва аз абзорҳои диниву сиёсӣ моҳирона истифода мебаранд, то худ ягона ҳукмрони ҷаҳон бишаванд.

Дар охирҳои асрҳои нуздаҳ баъди нуфузи иқтисодиву сиёсӣ пайдо кардани Россия дар Осиёи Марказӣ ва ибтидои асри 20, баъди заволи давлати сулолаи манғитиён дар Бухоро ҳаракати босмачигарӣ авҷ гирифт, ки баъзе аз зиёиён ҳоло онҳоро нишоне аз ҳаракати ватандӯстӣ мешуморанд. Албатта, ин ҳаракат то андозае моломоли ватанхоҳӣ буд, вале босмачигарӣ падидаи мураккаб аст ва шояд дар амали баъзе аз намояндагони тоҷики он унсурҳои ватандӯстӣ ҷой дошта буданд, вале ба таври кулл мақсади онҳо на истиқлоли миллии миллатҳои мушаххаси Осиёи Марказӣ, балки барқароркунии аморати Бухоро буд. Дар ин бора ёддоштҳои амири сарнагуншуда Олимхон, аз  мактуби ӯ ба Иброҳимбек маълумот медиҳанд. Ӯ менависад: «Ман ба Иброҳимбек фармон навиштам, ки Анварпошо дар хусуси муҳориба шахсан соҳибтадбир ва коргузор буда, лозим, ки Шумо дар иззатдорӣ дар назди худ оварда пурсед, агар хизмати миллати исломро хоҳиш дошта бошад, аз тарафи зоти олии мо ваколати хизмат ва илло, ба хубӣ аз дарё гузаронида, бо ин сурат равона намоед».

Чунон ки мебинем, дар мактуб сухан дар бораи «миллати ислом» меравад, ки албатта барои давраи аморат қобили қабул буд. Вале маълум аст, ки мақсади аслии Иброҳимбек ҳам на бунёди давлати миллӣ, балки ба шаҳодати яке аз пайравони ҳаракати ҷадидҳо А.Фитрат, бо ёрии Анварпошшо ташкили империяи туркӣ буд. Ба иборае,  мақсад «бо нақшаи кишварҳои иртиҷоии  мамолики Ғарб дар ҳайати Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Закавказия, Қрим ва Туркия ташкил кардани империяи «Туркияи бузурги султонӣ» маҳсуб мешуд». (Атохон Сайфуллоев. Босмачигӣ хилофи манфиатҳои миллӣ буд).

Воқеан ин гуна давлат дар зеҳн идеологияи «ваҳдати қабоили туркӣ» ё ваҳдати тамоми миллал дар забон ва либоси туркӣ дошт. Ин гурӯҳ ҳам мехостанд, ки дар минтақаи ҷуғрофии Балкан то Чин як империяи туркиро бо як забон, як давлат ва як дин ташкил бикунанд. Ҳоло мо медонем, ки ҳоли тоҷикон дар давлатҳои қавмиву этнонатсионалистӣ чӣ гуна аст. Инро дар мисоли вазъияти курдҳо дар Туркия ва давлатҳои Араб ба таври равшан дидан мумкин аст: дар яке аз ин давлатҳо курдҳоро «туркҳои кӯҳӣ» ва дар дигаре арабизабонони гумкарда мешуморанд. Дар кулл мушкили давлатҳои сирф қавмгаро дар он аст, ки онҳо тафовутҳоро таҳаммул карда наметавонанд, вале мехоҳанд бо даъват ба ҳар гуна ягонагиву «ваҳдат» қавми худро ба мақоми ҷаҳонӣ ва «кайҳонӣ» бирасонанд.

Воқеияти таърихӣ нишон медиҳад, ки дар асл, тафовутҳо дар фарҳангҳо, дину оин ва сиёсатҳо дар сухан ва дар китобҳо аз байн мераванд, вале дар зиндагӣ ва ҳаёти воқеӣ доимо боқӣ мемонанд. Ли Куан Юто ҳатто чунин мешуморид, ки тафовутҳо дар фарҳангҳову  динҳо ба тариқи модарзодӣ вуҷуд доранд. Барои ин онҳоро бояд омӯхт ва дар амалия ба назар гирифт. Ҳоло муҳим аст, ки бо ин тафовутҳо бояд зист ва бо тафовутҳо ва гуногунӣ мадоро намуд. Зеро тафовутҳо на манбаи ҷангу хатар ва зарар (чунонки С. Ханктинтон,1927-2008 тасаввур мекунад), балки манбаи ғановати ҳаёти фарҳангӣ ва дар ин замина заминаи пешрафти иҷтимоӣ шуда метавонанд. Вале маълум аст, ки таърихи кишварҳову давлатҳо ва дину адёни олам дар ин бора мисолҳои бисёре дорад, ки дар заминаи манфиатҳои иқтисодиву сиёсӣ давлатҳо ва саркардаву раҳбарони онҳо чӣ гуна тафовутҳои одии инсониро ба фоидаи худ истифода бурда, мардумро ба ҷангу бесарусомониҳо кашидаанду мекашанд ва мамлакатҳоро хароб мекунанд, мардумро мутеъ ва захираҳои табииро ба фоидаи худ истифода мебаранд.

Имрӯз сухан дар бораи шакли нави системаи истеъморӣ (неоколонализм) меравад, ки дар ҳоли зуҳур ва густариш аст…Барои собит сохтани ин қазия кофӣ аст, ки ба вазъи муносибатҳои байналхалқии ҷаҳони муосир назар андозем, ки чӣ гуна давлатҳои аз нигоҳи ҳарбӣ-дорои имкониятҳои бузурги яроқи ядроӣ ва аз лиҳози иқтисодӣ пурзӯр барои ба даст овардани манфиатҳои миллии худ бо ҳам дар ҳоли кашмакаш мебошанд ва аз ин радду бадали сиёсиву ҳарбӣ тамоми мардуму миллатҳои мухталифи дунё ранҷ мебаранд…

Аз ин рӯст, ки як роҳи наҷот ва гузоштани сад аз ин бесарусомонии сайёра бунёд ва таҳкими давлати миллӣ шинохта мешавад. Тасаввур мешавад, ки давлати миллӣ — ин иттиҳоди байни миллат (халқ) ва давлат ё иттиҳоди фарҳанг ва сиёсат аст, ба гумони ғолиб он метавонад мушкили мавҷудаи байни ягонагӣ ва тафовутҳоро (ки ҳоло дар заминаи он ба истилоҳ гӯё «ҷанг» меравад) ҳал бикунад. Ҳадаф ва ормони давлати миллӣ ин аст, ки дар раванди рушди давлати миллӣ мардум соҳиби аслии сиёсат ва омил идораи давлат хоҳад шуд. Мо ҳоло соҳиби чунин давлати миллӣ мебошем, ки дар доираи имкон ба ҳар гуна зиёдахоҳиҳои сиёсиву мақсадҳои вайронкоронаи сиёсатмадорони дохиливу нақшаҳои шуми фаромилливу абарқудратҳо дар ватани бобоии мо мамоният мегузорад. Вале давлати миллиро ҳамарӯза рушд ва қудратманд бояд кард.

Аз ин лиҳоз ҳоло фурсате расидааст, ки Давлат ва Миллат ба истиқболи ҳам биёянд ва дар ин роҳ гомҳои ҷиддӣ бардоранд! Аҳли илму уламои дин ва аҳли сиёсати дунёи пешрафта ҳоло дар фикри онанд, ки ҳар як инсон, миллату мамлакат ва давлат танҳо дар фикри наҷоти инфиродии худ набошанд ва айни замон набояд дар андешаи вайронии дигарон бошанд (воқеияте, ки мо ҳамарӯза шоҳиди онем, воқеияте, ки онро ба ибораи «гӯр сӯзаду деги қаландар ҷӯшад» ифода кардан метавон!).

Албатта, ин ҳоло муҳим аст, ки айни замон ҳама дар фикри наҷоту поксозии хонаи худ, маҳаллу кӯча ва ватану сайёраи худ бошанд. Зеро дар акси ҳол қувваи торикиву бадиву неруи шикананда ва тахрибкору вайронкор (хатари яроқи ядроӣ, нақшаҳои абарқудратҳо, терроризм, одамрабоиву одамфурушӣ, наркомафия, афзудани сатҳи бекориву қашшоқӣ ва ғ.) дар дунё ба авҷи аъло расидааст. Вале дар баробари ин ҳисси ватандӯстии муосир наметавонад бо маҳаллу зодгоҳ, мансубияти мазҳабиву забонӣ ва тафовутҳои касбиву синфӣ маҳдуд бошад. Ва дар айни вақт он наметавонад ватандӯстии безабону беаслу насаб бошад. Магар мешавад, ки барои мисол, дар баробари забони зиндаи мардуми кишварамон, яъне порсии тоҷикӣ, ин забони ба ибораи Ф.Энгелс, забони ҳурони биҳиштӣ, ягон забони дигари аҷнабиро дар ин ватан чун забони давлатӣ ҷорӣ намуд ва аз каломи ширини Рӯдакӣ, забони малакутии Мавлоно ва Ҳофиз даст кашид?! Қудрати ин забон то ҷоест, ки Маликушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ бо як суруди тоҷикӣ амири Бухороро аз Ҳирот ба Бухоро кашид, то идораи давлатро ба дасти худ бигирад…

Ҷаҳони  имрӯз шоҳиди он аст, ки бо ниятҳои поку нопок (ба мисли андешаи мардумсолорӣ ё густариши демократия чун ҷомеаи ормонӣ ва ё бунёди ваҳдати исломӣ) дар дунё корҳои дигаре дар ҷӯшу хурӯшанд. Таърихи навин нишон медиҳад, ки ин гуна кӯшишҳои амалисозии шиорҳои «ваҳдат», «пешрафт», «ягонагӣ» ва «озодӣ» ба чӣ бадбахтиҳо ва фоҷиаҳо меанҷоманд. Магар мешавад, ки ба хотири ин андешаҳо (демократия, нажодпарастӣ (фашизм), атеизми ҷанговар, дину мазҳаби ҷиҳодӣ ва ғ.) хонаи дигаронро (дар мисоли Либиё ва Сурия) вайрон кард. Дар ин замина андеша ва оини ватандории худро ба дигарон бор намуд: хеле беҳтар аст, ки аввал хонаи худро хуб сохт ва ба дигарон кордор нашуд. Дар ин росто диалектикаи ягонагӣ ва гуногунрангии тамаддунҳову инсонҳоро ба диққат бояд омӯхт ва ба назар гирифт!

Зарур аст, ки озодӣ ва истиқлоли фардӣ ва инчунин истиқлоли миллии ҳар як миллат ва қавму халқият, инчунин озодиҳои ақаллиятҳои этникиву забонӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифзу нигоҳдорӣ ва эҳтиром карда шаванд ва онҳо ба таври расмӣ аз пуштибонии сахт ва ҷиддии ниҳодҳои ҳуқуқи милливу байналхалқӣ таъмин ва бархурдор гарданд. Мардуми одӣ зиндагии одӣ доранд ва ин зиндагии онҳо набояд бо шиорҳои баланд халалдор карда шавад. Дар ҳақиқат, чунонки Жан Жак Руссо (1712-1778), мутафаккир ва маорифпарвари франсуз дар асараш «Андешаҳо оид ба таъсири илм ва ҳунар» менависад, ин мардумони меҳнаткаш ва коргари одӣ мебошанд, ки бо садоқати бедурӯғу самимонаи худ ватандӯстиро қуввату неру мебахшанд.

Бояд гуфт, ки мутаассифона, доираҳои бонуфуз (элита) одатан дар вазъи изтирорӣ худро аз ҳалли мушкилот дар канор мегиранд ва ба хотири бехатарии шахсӣ ва хонаводагии худ кишварро тарк мекунанд. Дар тафовут ба ин, оммаҳо як ватан доранд. Вале ватандӯстии мардумӣ ҳам бояд созанда бошад, на сӯзанда ба мисли дунёдӯстӣ-инеофашизм (тоссарҳо)-и муосир ё мавҷи глобализатсияи дунёхоронаи абарқудратҳо. Дар акси ҳол чунин «патриотизм»-и дағал, зӯровар, шармовар (черносотенҳо-туда ва оммаҳои сиёҳкор) мардумро ба ҷанг мекашонад.

 Маълум аст, ки дин дар ҷомеаи мо чун шакли махсус ва қуддусии ахлоқ ҷойгоҳи алоҳидаи худро дорад. Аз ин рӯ, уламои дин бояд дар раванди бунёди ваҳдат, ҳамгироии миллӣ ва ташвиқи ватандӯстӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Дар сарчашмаҳои мусулмонӣ омадааст, ки муҳаббат ба ватан аз имон мехезад (ҳуббул-ватан мин ал-имон). Дар фазои ҳаёти мусулмонони пасошӯравӣ миллат ҳамчун умумияти қавмиву давлатӣ ва марзӣ ба мисли мусулмонони дигари кишварҳои истеъморӣ, масалан арабҳо, чун «бидъати ғарбӣ» шинохта намешавад, балки он чун сармояи иҷтимоӣ (дар мисоли таҷрибаи Ли Куан Ю) эътироф гардидааст. Пас, на фақат ба дин, балки ба ватан ва сарзамине, ки дар он зиндагӣ мекунем, низ бояд имон дошт.

Маълум аст, ки ҳар гуна ҳувиятҳо маҳсули таърих ва иҷтимоъ мебошанд, онҳо на азалӣ, балки онҳоро эҷод мекунанд.

Зарур аст, ки имрӯз ваҳдати имонии исломӣ ҳам бо ваҳдату ҳувияти қавмии тоисломӣ ва ҳувияти навини миллӣ чун бахшҳои як ваҳдат ва ҳувияти ягонаи шаҳрвандӣ қабул гарданд.

Ба зовия кашидани ҳар яке аз ин бахшҳои ҳувият барои миллат хатари вуҷудӣ эҷод мекунад. Зеро набояд бори дигар барои бегонагон ба мисли замони собиқ чунин фурсати муносибе фароҳам сохт, ки аз ислом ҳамчун абзори сиёсӣ бар зидди дорандагони ин фарҳанг истифода баранд ва дар хонаи тамоми мусулмонон оташи ҷанг биафрӯзанд. Аз сӯи дигар ҳаётан зарур аст, ки муҳаббат ба ватан сарчашмаи пешрафти тамоми мардум, тамоми қишрҳои ҷомеаи мо гардад: сармоядорон набояд сармояи худро аз ватан берун бикунанд. Танҳо дар ин сурат имкон дорад, ки инсонҳо новобаста ба мансубияти мухталифи забонӣ, равонӣ, ҷинсиву мазҳабӣ, ирқиву нажодӣ ва ғ. дар паи пиёда кардани ормонҳои баланди миллӣ ва инсонӣ аз ҳуқуқҳои баробаре, ки Эъломияи ҳуқуқи башар эълон ва эътироф намудааст, ба таври баробар, одилона бархурдор бошанд ва барои шукуфоии Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Февраль 11, 2019 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо фаъолияти Департаменти адлияи Ирландия шинос шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки гурӯҳҳои корӣ ҷаласа баргузор шуд
Прокуратураи генералӣ: «Худ ва наздиконатонро аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нигоҳ доред!»
Дар шаҳри Москва бо афсарону курсантони тоҷик вохӯрӣ доир шуд
Ҷаласаи кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Ҷаласаи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия баргузор гардид
Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши идона доир гардид
САВГАНДИ ҲАРБӢ. Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ маросими қасамёдкунӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҳиндустон мулоқот намуд