«СУРУДИ МОДАР – АЛЛА». Таҳти ин ном бахшида ба Рӯзи Модар дар Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 6.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли равон Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди модар – Алла» баргузор менамояд. Фестивали мазкур ба Рӯзи Модар ва арҷгузорӣ ба занону модарони тоҷик бахшида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Кумита миёни ҷавондухтарон, собиқадорони соҳа, варзишгарбонувон ва модарони рӯзгордида як зумра барномаҳои маърифатию фарҳангӣ, адабию омӯзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ баргузор карда мешаванд.
Кумита тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш таҳти унвони «Нақши занону модарон дар баланд бардоштани маърифати оиладорӣ», озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавондухтари ҳунарманди сол», барномаи тантанавӣ бо иштироки занони баруманди ҷумҳурӣ таҳти унвони «Сад ҷону дил фидои як муддаои модар», семинарҳои омӯзишӣ бо иштироки ҷавондухтарони соҳибкор, аксияҳои тарғиботию ташвиқотӣ, барномаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ ва суҳбату мулоқотҳои судманд баргузор намояд.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва дастгирии занони деҳот аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як зумра тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шудаанд. Таъсиси стипендияи Президентӣ, квотаҳои Президентӣ ва грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ҷавондухтарони деҳоти дурдасти мамлакат намунаи волои таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон мебошад.








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






