Ҷ.Табарзода: «Солҳои 2019-2021 дар доираи лоиҳаҳо зиёда аз 20 иншооти обтаъминкунӣ ба истифода дода мешаванд»
ДУШАНБЕ, 11.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ҷиҳати мусоидат ба амалӣ намудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вобаста ба ташвиқу тарғиби даҳсолаи мазкур тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар ин самт солҳои 2019-2021 дар доираи лоиҳаҳо зиёда аз 20 адад иншооти обтаъминкунӣ ба истифода супорида мешаванд. Матлаби мазкур имрӯз зимни нишасти матбуотӣ аз ҷониби директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода баён гардид.
Инчунин зикр карда шуд, ки соли 2018 аз ҷониби КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ якчанд иншооти обтаъминкунӣ ба истифода супорида шуданд.
Ҷ.Табарзода изҳор намуд, ки зимни ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд «Лоиҳаи Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» амалӣ шуда истодааст, ки дар навбати худ шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Панҷро дар бар мегирад. Дар доираи лоиҳаи мазкур корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозӣ дар шаҳру ноҳияҳои мазкур амалӣ шуда истодаанд.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки барои барқаророзӣ ва сохтмони иншооти обтаъминкунӣ дар деҳаҳои ҷумҳурӣ бо Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузорӣ гуфтушунидҳо идома доранд. Соли 2018 корҳои сохтмонӣ дар минтақаи пилотӣ муайян гардиданд ва имсол маблағгузории корҳо оғоз мегардад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд






