Варзишгарони тоҷик соли 2018 аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 151 медали тилло ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2018 649 нафар варзишгарони тоҷик ба мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар гардиданд, ки аз ин шумора 66 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
«Дар натиҷа ба хазинаи варзишии мамлакат 467 медал, аз ҷумла 151 медали тилло ворид гардид, ки аз шумораи умумиии медалҳо 136-тои он аз рўи намудҳои олимпии варзиш ба даст омадааст»,- иброз дошт Аҳтам Абдуллозода.
Гуфта шуд, ки иштироки футболбозони 16-солаи тоҷик дар Чемпионати Осиё, дастовардҳои варзишгарони Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё, чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё, инчунин дигар мусобиқаҳои сатҳи баланд мояи ифтихори бузурги давлату миллат мебошад.
«Хушбахтона, то имрўз чор маротиба бо Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 нафар варзишгарон бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд»,-гуфт Аҳтам Абдуллозода.
Ба зикри ӯ, ҳаҷми умумии маблағи ҷоизапулӣ 1 миллиону 949 ҳазору 250 сомониро ташкил медиҳад. Варзишгарон ба маблағи аз 5000 сомонӣ то 120000 сомонӣ ва мураббиён аз 3750 то 30000 сомонӣ мукофотпулии Ҷоиза, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо шудаанд, соҳиб гардиданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






