Баҳори Тоҷикистон моро ба сӯйи бунёдкорӣ ва хуррамгардонии шаҳру деҳотамон роҳнамоӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 март рӯзи аввали баҳори оламафрӯз, фаслест, ки бо қудумаш табиатро аз нав зинда мегардонаду дар дили пиру ҷавон эҳсоси шодиву нишот армуғон меорад. Баҳори кишвари азизи мо бо сарсабзии майсаву сабзаҳо, шукуфтанҳои дарахтони мевадиҳанда, гулҳои рангорангу рӯҳфизояш ба дилу дидагон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, касро ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ ва хуррамгардонии ҳар ваҷаб хоки зархези Тоҷикистон роҳнамоӣ мекунад.
Баҳор худ фасли эҳёгарист, мавсими рангорангиҳои зебои табиат, вақти кишту кор, замонест ки марди деҳқон дар такопӯ афтида, барои пур кардани хони сокинони кишвар заҳмат мекашад. Мардуми мамлакати мо бо омад- омади фасли баҳор маъракаи ниҳолшинониро оғоз менамоянд. Имрӯзҳо ин ташаббуси нек дар саросари мамлакат авҷ гирифтаву бо шарофати он гӯшаву канорҳои шаҳру деҳотамон боз ҳам бештар сабзу хуррам гардида истодаанд.
Дар ин росто дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ маъракаи ниҳолшинонӣ вусъати тоза пайдо намуда, ба ин маъракаи муҳим имрӯзҳо намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа пайвастаанд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Раиси ноҳия Комил Салимзода ташаббуси созанда нишон дода, бо ҷалби мутахассисони соҳаи боғпарварӣ дар хоҷагии ёрирасони шуъбаи мазкур, ки дар ҷамоати Гулхонаи мавзеи Саричашма ҷойгир шудааст, ҳашари ниҳолшинонӣ доир намуданд.
Иштирокчиён аз табиати зебо ва ҳавои мусоид пурсамар истифода бурда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ фаъолона иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки дар хоҷагии ёрирасон дарахту ниҳолҳои гуногун, аз ҷумла 200 бех ниҳолҳои себ, гелос, сиёҳолу, хурмо ва 200 бех ниҳолҳои сояафкан шинонида шуданд. Зимни ниҳолшинонӣ ба интихоб ва навъу сифати ниҳолҳо диққати махсус зоҳир карда шуд.
Ҳайати шахсии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ҷ.Расулов маъракаи ниҳолшинониро иқдоми неку созанда арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди боғу токзор, сабзазоркунии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаб хоки сарзамини зархез саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Бояд гуфт, ки мардуми мо аз қадимулайём шинонидани ниҳол ва нигоҳубини онро ҷузъи фарҳанги миллӣ дониста, онро қарзи инсонӣ мешуморанд.
Натиҷаи ҳамин аст, ки гузаштагони ободкорамон барои мо дарахтону боғоти зиёде ба ёдгор мондаанд. Мо низ дар навбати худ вазифадору қарздорем, ки пайваста ба ободониву созандагӣ машғул шуда, аз худ боғу бӯстон, шаҳру деҳоти обод ва номи нек боқӣ гузорем.
Зеро бузургони мо дар ин маврид гуфтаанд:
Барои одамият се нишона:
Нахуст фарзанд, пас бунёди хона,
Ниҳолеро ба ҳосил парваридан,
Бувад ин се нишона ҷовидона.
Нақши муҳиму созандаи фасли баҳор, пеш аз ҳама, дар шудгори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳолҳои мевадиҳанда ва гулу буттаҳои ороишӣ, тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо, ба тартиб овардани хона ва ашёву асбоби рӯзгор, ободонии маҳалли зист, инчунин покии қалбу андеша ва рӯҳи инсонӣ таҷассум меёбад.
Пас моро мебояд дар ин амри хайр, ки бешубҳа, сабаби боз ҳам сарсабзу обод шудани Ватани азизамон-Тоҷикистон мегардад, саҳми худро гузорем.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»








Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар Душанбе метавонад чун маркази омӯзишӣ барои ҷавонон хизмат намояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






