Бозтоби ҷашни пирӯзиву рӯшноӣ дар матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 28.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи равон матбуоти даврии Тоҷикистон рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро бозтоб намудаанд.
«Ҷумҳурият»- нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 56-57, шанбе, 23 марти соли равон суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар маросими «Корвони шодиёнаи наврӯзӣ» дар шаҳри Душанберо, ки 21 марти соли равон доир гардида буд, таҳти унвони «Наврӯз василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният аст» нашр намудааст, ки дар он чунин омадааст: «Тибқи маълумоти таърихӣ, гузаштагони мо дар яке аз рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бо номи «Корвони наврӯзӣ» маросими мӯҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодмониву хурсандӣ мекарданд, ки тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад».
Инчунин дар ин шумораи «Ҷумҳурият» барқияҳои табрикӣ, ки ба унвони Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз аз номи сарони давлатҳои Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Амрико, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ворид шудаанд, интишор гардидаанд. Ҳамзамон нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба иштироки Сарвари давлат дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе, сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлонро мунташир намудааст. Хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳоро марбут ба ҷашни Наврӯз таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ», «Наврӯз ва гӯштин», «Наврӯз дар хиёбони андешаи инсон», «Шукӯҳи оинҳои наврӯзӣ», «Баёнгари зебоӣ ва худогоҳӣ», «Наврӯз ва таъсири он ба оин ва анъанаҳои халқиятҳои дигар», инчунин «Базми гулҳо» ва «Тирукамон»-ро мутолиа намоянд.
«Садои мардум»- нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 32-33, панҷшанбе, 28 марти соли равон дар радифи хабару гузоришҳо аз фаъолияти Парлумони мамлакат инчунин роҷеъ ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак ва вилояти Хатлон, суханронии Сарвари давлат дар маросими таҷлили Наврӯз дар шаҳри Норак ва тантанаҳои Наврӯзии шаҳри Душанбе хабару гузоришҳо чоп намудааст.
«Народная газета»- нашрияи русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи 14, аз 27 марти соли равон дар саҳифаҳояш иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар тантанаҳои Наврӯзии шаҳри Душанбе, сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон ва шаҳри Норак, вохӯрии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов ва муовини аввали Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, вазири молияи ин кишвар Антон Силуановро интишор намудааст.
«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 13, чоршанбе, 27 марти соли равон доир ба тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Норак ва сафари кори Пешвои миллат ба вилояти Хатлон хабару гузоришҳо интишор намудааст. Инчунин муштариёни «Минбари халқ» имкон доранд аз ин шумора мақолаҳоро дар иртибот ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва оинҳои наврӯзӣ таҳти унвони «Ҷашни рӯшноиву покӣ», «Наврӯз- ҷашни пирӯзӣ» ва дигар матолибро мутолиа намоянд.








«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид






