Дар Душанбе дар мавзӯи «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» конфронси минтақавӣ баргузор гардид

Март 28, 2019 16:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе  дар мавзӯи «Имрӯз  амал намову фардоро бисоз» конфронси минтақавӣ баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ,  муовини директори минтақавии СММ Иан Фарлане,  Раиси Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода,  Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаҷимэ Китаока,  Раиси Кумитаи рушди туризми назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон Абдуғаффорзода, аъзои Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди назди  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, намояндагони парлумонҳои Гурҷистон, Покистон, Муғулистон ва сафирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки бо баргузории мулоқотҳои мунтазами Сарвари давлат бо ҷавонон  дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии онҳо дастовардҳои беназир, иқдомҳои нек ва созанда рӯи кор омаданд. Маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид ва ин иқдом эҳтироми ҷавононро ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ қавитар гардонид.

Мояи хушнудист, ки Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаву ҷавонпарваронаи худ миёни кишварҳои хориҷӣ мавриди таҳсин қарор гирифтааст. Пешбарии ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат  нек арзёбӣ гардида, онҳо мавриди таваҷҷуҳи хоси Ҳукумати ҷумҳурӣ  қарор доранд.

Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории конфронси минтақавӣ дар мавзӯи «Имрӯз  амал намову фардоро бисоз»-  ин баррасии сиёсати ҷавонон  ва кумаку  чорабиниҳои мамлакатҳои  иштирокчӣ вобаста ба ҳифзи саломатӣ, дастрасӣ ба маориф, касбу ихтисос, ҷойгиршавӣ дар бозори меҳнат  ва дигар масъалаҳои  муҳими сиёсати  ҷавонон мебошад. Зеро имрӯз ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб гардида, дар самти  иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии  мамлакат бояд фаъолона иштирок намоянд.

Конфронси минтақавӣ ва байналмилалӣ пагоҳ, 29 март  низ кори худро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки конфронси минтақавӣ ва байналмилалӣ  дар мавзӯи «Имрӯз  амал намову фардоро бисоз»   бо ташаббуси  Кумитаи миллӣ оид ба аҳолӣ ва рушди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи  кор бо ҷавонон ва варзиши  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ассотсиатсияи Осиё ва Рушд,  Хазинаи  ҷамъиятии Япония ва Фонди рушди аҳолии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.

 

Март 28, 2019 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 70 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд