Дар Ҷидда Эъломияи Саммити чоруми глобалии вазоратҳо бахшида ба бехатарии беморон қабул гардид

Март 5, 2019 11:47

ДУШАНБЕ 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Аз  1 то 3 марти соли равон  дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳайати расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити чоруми глобалии вазоратҳо дар мавзӯи «Бехатарии бемор» ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ кард.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз  Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд, дар ҳамоиши сатҳи баланд вазирони тандурустӣ, роҳбарони ҳайатҳои расмӣ аз 49 давлати Африқо, Осиё, Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Япония, давлатҳои минтақаи Уқёнуси Ором, Австралия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар доираи барномаи Саммит масъалаҳои мубрами хизматрасонии тиббию иҷтимоии беморон  зери шиори «Бехатарии бемор» мавриди баррасӣ қарор гирифта, муҳтавои онҳо асосан таъмини беморон бо хизматрасонии саривақтӣ ва босифат, амнияти санитарию эпидемиологӣ, кумаки фарогири ҳамаҷонибаи тандурустӣ ва ёрии таъҷилии дастрас барои тамоми қишри ҷомеаро дар бар гирифт.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар ҳошияи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ин ҷамъомад аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода вохӯриҳои расмӣ анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, 2 марти соли равон вохӯрии расмии вазир Насим Олимзода бо вазири тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ Ал-Рабиъа доир гардид.

Дар он масъалаҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳо дар мавзӯи хизматрасонии тиббии муосир, беҳтаргардонии дастрасии беморон ба ёрии аввалини тиббию санитарии самаранок ва бетаъхир муҳокима гардиданд.

Насим Олимзода барои дастгирии Вазорати тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар самти ташкил ва анҷом додани як зумра ҷарроҳиҳои мураккаби нуқсонҳои модарзодии дил миннатдорӣ баён намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки масъалаҳои дар Саммити чоруми глобалии вазоратҳо баррасишаванда бо афзалиятҳои стратегияи ҳозираи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадиф буда, барои идомаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ заминаи хуб фароҳам меоваранд.

Инчунин аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид ба тақвият бахшидани ҳамкорӣ ва ёрии хайриявӣ барои муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла сохтмони бемористонҳои дорои таҷҳизоти муосир, рушди инфрасохтори кумаки аввалини тиббию санитарӣ, таъминот бо нақлиёти санитарӣ ва ёрии таъҷилии тиббӣ дархост изҳор гардида, барои ташрифи вазири тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ Ал Рабиъа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

Вазири тандурустии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иқдомҳои ҷониби Тоҷикистонро бо миннатдорӣ пазируфта, даъвати ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташриф ба кишвари мо бо изҳори қаноатмандӣ қабул намуд.

Ҳамчунин ҳамон рӯз бо Котиби генералии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус Адҳаном мулоқоти расмии ҳайати Тоҷикистон анҷом дода шуд.  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода барои дастгирии доимӣ ва ҳамкории судманд ба роҳбарияти Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамзамон ёдовар гардид, ки моҳи октябри соли равон бо ташаббуси роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ ва дигар шарикон оид ба рушд Форуми сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон баргузор хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки дар ҳошияи расмиёти ҳамоиши мазкур  Насим Олимзода ҳамчунин бо вазири тандурустии Шоҳигарии Қувайт ҷаноби Басил Ал-Сабаҳ вохӯрии нахустини расмӣ анҷом дода, барои рушди ҳамкорӣ ва дастгирии пайваста изҳори сипос кард.

Мавриди зикр аст, ки Саммити глобалии вазоратҳо барои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати мусоҳибаҳои тарафайн бо вазирони тандурустии ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Кореяи Ҷанубӣ, роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои Швейтсария, Нидерландия ва Япония заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар поёни ин саммити байналмилалии воломақом Эъломияи Саммити чоруми глобалии вазоратҳо дар Ҷидда бахшида ба бехатарии беморон қабул гардид.

Март 5, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад