Дар Ҳисор таҳти унвони «Хатарҳои терроризми байналмилалӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
ҲИСОР, 04.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор таҳти унвони «Хатарҳои терроризми байналмилалӣ» бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар конференсия омӯзгорону донишҷӯён дар мавзӯъҳои «Ифротгароӣ-хатар ба ҷомеа», «Омили калидии мубориза алайҳи экстремизм ва терроризм», «Роҳҳои пешгирии ифротгароӣ ва таассуб» маърӯза намуданд.
Директори Коллеҷи омӯзгори шаҳри Ҳисор Гулхумор Дадабоева изҳор дошт, ки «роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ ва мушкилоти дигар аст. Имрӯзҳо асоси пойдории давлат, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар аз сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат вобастагии калон доранд. Аз ин рӯ ҳар яки мо бояд ба қадри сулҳу субот ва оромии мамлакат бирасем ва нагузорем, ки ҷараёнҳои ифротӣ ҳаёти осоиштаи моро халалдор намоянд».
Дар ин рӯзҳо Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ дар асоси нақша дар муассисаҳои миёнаи касбӣ ва таълимӣ, соҳаи тандурустӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо ҷалби зиёиёни шаҳр вохӯриҳо доир намуда истодааст.








Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Ноҳияи Фархор даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намуд






