Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» шуъбаи сайёҳӣ ташкил гардид
ХУҶАНД, 30.03.2019. /АМИТ«Ховар»/. Давоми се моҳи аввали соли 2019 аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» иборат аст, 10 ҳазору 870 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.
Дар ин замина аз ҷониби ҷомеаи меҳнатии муассиса дар раванди вусъати корҳои ободониву сарсабз гардонидани ҳудуди мавзеи Маҷмаа, инчунин дар самти муаррифии ин мавзеъи таърихӣ ва бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъаи он, бо мақсади муаррифии мавзеъҳои таърихӣ ва ҷалби шумораи бештари сайёҳони дохил ва хориҷи мамлакат шуъбаи нав – сайёҳӣ ташкил гардид.
Ин шуъба имрӯзҳо бо якчанд ширкатҳои бонуфузи сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла “Ориент Эдвантур”, “Панҷакент Интур”, “Хуҷанд Помир Тревел”, Ассотсиатсияи тараққиёти Зарафшон ва “Тоҷикистон Тревел” ҳамкории судманд дорад. Инчунин давоми се моҳи аввали соли равон 580 адад сайри илмӣ гузаронида шуда, теъдоди тамошобинони ба ин гуна сайр фарогирифта 3451 нафар ташкил дод. Беш аз 320 нафар меҳмонон аз давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур мебошанд.
Ҳамчунин тибқи иттилои масъулин, имрӯзҳо Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба мавзеи диққатҷалбкунанда табдил ёфтааст. Танҳо давоми соли сипаригашта аз ҳудуди он беш аз 64 ҳазор нафар бошандагону истироҳаткунандагон дидан намуданд.
Бояд зикр кард, ки МД Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо барои рушди илму фарҳанг, балки равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад.








Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид






