Дар Наврӯзгоҳи Душанбе барномаи «Ганҷи Наврӯзӣ» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ таҳти унвони «Ганҷи наврӯзӣ» намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарпешагони ансамблҳои «Лола», «Зебо», «Гулрез», «Ситора», «Ҷаҳоноро», «Парасту», «Дарё», «Новая Эра», ансамбли фолклорӣ- этнографии «Хутал»-и вилояти Хатлон, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳунарпешагони ансамбли «Фалак» — и шаҳри Кўлоб, ҳунарпешагони бахши Раёсати фарҳанги ВМКБ, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли «Славяне»-и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ансамбли эстрадии «Ориё» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳамчунин дар ин барнома барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Даниэл Рустамов бо ҳунарнамоии худ табъи тамошобинонро хуш мегардонад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 апрел, чоршанбе, 91-умин рӯзи соли 2026 аст
БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар деҳаи Корези ноҳияи Данғара Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд Наврӯз бо риояи анъанаҳои хоси ниёгонамон таҷлил шуд
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд






