Дар вилояти Суғд озмуни китобхонаи намунавӣ доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар додем, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.
Дар робита ба ин ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ миёни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавӣ дар соли 2019» доир карда мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз роҳандозии озмуни мазкур- ин дуруст ба роҳ мондани фаъолияти китобхонаҳои марказӣ, китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон ва муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ мебошад.
Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019» бо 12 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуда, соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун мутаносибан бо 10, 8, ва 6 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар вилоят соли гузашта низ чунин озмун баргузор шуда, дар он китобхонаи марказии шаҳри Исфара, китобхона-филиали №2 деҳаи Ғўлакандози Ҷаббор Расулов, китобхона-филиали №20 деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ ғолиб омада буданд.








Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






