Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳилаи омодагиро дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба анҷом расонид
ДУШАНБЕ, 12.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳилаи пеш аз охири омодагиро ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар шаҳри Дубайи АМА ба анҷом расонид. Футболбозони мо шоми дирӯз дар дуввумин вохӯрии таҷрибавӣ бо олимпичиёни ин кишвар дидор анҷом доданд.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Мактум Бин Рашид Ал-Мактум»-и шаҳри Дубай гузаронида шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб хотима ёфт. Ҳамаи тӯбҳо дар нимаи дуюми вохӯрӣ вориди дарвоза гаштанд.
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 8 март дар аввалин вохӯрии таҷрибавӣ бо дастаи мунтахаби олимпии АМА бо натиҷаи 1:0 ғолиб омада буд.
Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон Усмон Тошев дар ҳайати даста 6 бозингарро иваз карда, ҳамаи бозингаронро аз назар гузаронид. Ягона тӯбро аз дастаи мунтахаби кишварамон ҳамлагари дастаи «Барқчӣ»-и Душанбе Тоҳир Малодустов ба нишон расонд.
Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 13 март ба Душанбе бармегардад ва баъди ду рӯз барои гузаронидани ҷамъомади охирини машқию омӯзишӣ ба шаҳри Гулистони вилояти Суғд сафар мекунад. Пас аз анҷоми ҷамъомад 20 март олимпичиёни кишвар барои иштирок дар бозиҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи «F» ба шаҳри Тошканд ҳозир хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби олимпии мо бо дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (24 март) ва Ӯзбекистон (26 март) бозиҳояшро анҷом медиҳад.








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






