Футбол: байни дастаҳои Лигаи олӣ қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии мавсими нави Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дирӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенс Душанбе» баргузор гардид. Бори аввал ширкати мобилии Tcell ба ҳайси сарпарасти асосӣ мавсими нави Чемпионати Тоҷикистонро ҳамроҳӣ мекунад.
Дар мавсими 28-уми футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ мисли соли гузашта 8 даста иштирок мекунад. Инҳо «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Кӯктош» (Рӯдакӣи), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Хатлон» (Бохтар), КМВА «Помир» (Душанбе), «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) ва «Истаравшан» (Истаравшан)-ғолиби соли гузаштаи Лигаи якум мебошанд. Имсол ҳам Чемпионат дар се марҳила гузаронида мешавад ва дастаҳо 21 вохӯрӣ анҷом медиҳанд.
Қуръакашӣ дар фазои идона бо ширкати меҳмонони зиёд сурат гирифт. Бори аввал бо даъвати Лигаи миллии футболи Тоҷикистон маросими қуръакаширо футболбозони намоён, собиқ бозингарони дастаи мунтахаби мамлакат-Сӯҳроб Ҳамидов, Тоҳирҷон Мӯминов, Шӯҳрат Ҷабборов ва Баҳодур Сӯфиев гузарониданд.
Сараввал ду марҳилаи аввал ва сипас марҳилаи сеюми мусобиқот қуръакашӣ шуд.
Ба ҳамин тартиб, дар даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2019 дастаҳои «Регар-ТадАЗ» бо «Истиқлол», «Кӯктош» бо КМВА «Помир», «Панҷшер» бо «Истаравшан» ва «Хуҷанд» бо «Хатлон» бо ҳам қувва месанҷанд.
Қуръакашӣ тибқи ҷадвали шоҳмотбоз ва назариётчии австриягӣ Иоҳан Бергер баргузор гардида, дар бозиҳои аввали марҳилаи сеюм ин дастаҳо бо ҳам вомехӯранд:
«Истиқлол» – «Хатлон»
«Истаравшан» – КМВА «Помир»
«Кӯктош» – «Хуҷанд»
«Регар-ТадАЗ» – «Панҷшер»
Аз рӯи низомномаи Чемпионати мамлакат, дастаи зинаи охирро ишғолкарда Лигаи олиро тарк мекунад ва соҳиби ҷои ҳафтум дар анҷоми мавсим дар бозии гузариш бо дастаи зинаи дуввуми Лигаи якум барои дар Лигаи олӣ боқӣ мондан вохӯрӣ анҷом медиҳад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






