ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии чемпионати ҷаҳон ба Бразилия меравад

Март 18, 2019 08:20

ДУШАНБЕ, 18.03.2018. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон ба  Бразилия меравад. Ин дар ҳоле муайян гардид, ки Шӯрои Федератсияи ассотсиатсияҳои футболи байналмилалӣ қарори худро дар шаҳри Майами ба тасвиб расонд.

Аз ин пеш макони баргузории бозиҳои Чемпионати ҷаҳон байни наврасони то 17-сола дар Перу муайян шуда, вақти мусобиқаҳо  аз 5 то 27 октябр эълон гардид, аммо дар давраи санҷиши коршиносон як қатор мушкилиҳо ФИФА-ро водор кард, ки  ин масъаларо мавриди таваҷҷуҳ вогузор карда, қорори худро иваз намояд.

Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон, ки дар Чемпионати Осиё соҳиби медалҳои нуқра гардид, ба  Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони то 17 –сола ба Бразилия хоҳад рафт.

Март 18, 2019 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад