ФУТБОЛ: имрӯз тақдири дастаи «Хуҷанд» дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё ҳал мегардад

Март 13, 2019 09:10

ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 13 март дар Варзишгоҳи «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2019 байни дастаҳои «Хуҷанд» (Тоҷикистон) ва «Аҳал» (Туркманистон) тақдири як роҳхат ба гурӯҳи «Д»-и мусобиқот ҳал мегардад.  Бозии аввали ин дастаҳо дар шаҳри Ашқобод як ҳафта пеш бо натиҷаи 1:1 ҷамъбаст гардида буд. Оғози вохӯрӣ соати 14:00 ба вақти Душанбе дар назар аст.

Дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ, ки дирӯз гузашт, сармураббии «Хуҷанд» Нумонҷон Юсупов иброз дошт, ки «дастаи «Хуҷанд»  ба бозии ҷавобӣ омодагии хуб дидааст ва бачаҳо танҳо барои ғалаба   вориди  майдон мешаванд». Ӯ  бо истифода аз фурсати муносиб тамоми мухлисонро барои дастгирии «Хуҷанд» ба варзишгоҳ даъват намуд.

То ба ҳол дастаҳои футболи Тоҷикистон муваффақ нашудаанд, ки дар гурӯҳи Ҷоми КФО  ду намоянда дошта бошанд. Баръакс Қирғизистон (2017) ва Туркманистон дар мавсими футболи соли 2018 бо ҳузури ду даста дар гурӯҳи «Д» барои Ҷоми КФО мубориза бурдаанд.

Мо ба дастаи «Хуҷанд» дар ин бозии ниҳоят муҳим комёбӣ хоста, мухлисонро барои дастгирӣ ба варзишгоҳ даъват мекунем.

Март 13, 2019 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд